Наҷотбахшони тоҷик як тифлро аз зери вайрона зинда берун овардаанд

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин акс гуфтанд, маъмурони наҷоти кишвар тифли 6-моҳаро аз зери вайрона дар Туркия берун оварданд

Маъмурони наҷот аз Тоҷикистон як тифли шашмоҳаро ҳамроҳи падараш аз зери харобаҳо дар Туркия зинда берун овардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар эъломияе гуфт, ҳодиса дар Қаҳрамонмараш иттифоқ уфтод.

Ҷониби Туркия расман чизе нагуфта. Мақомоти Тоҷикистон навори ин лаҳзаро дар Ютуб гузоштанд.

"Дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок, одамони зиндаро ҳис карданд. Зуд, вале эҳтиёткорона монеаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳи падараш берун кашиданд," – омадааст дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Маъмурони наҷот аз Тоҷикистон дар Туркия

Бино бар он, ин ду нафар "муддати 6 рӯз" дар зери вайронаҳо будаанд. "Падар ва фарзандро ба беморхона интиқол доданд," – гуфта шудааст дар хабар.

Тоҷикистон барои мадад ба рафъи пайомадҳои зилзилаи маргбору харобиовар ба Туркия панҷоҳ маъмури наҷот фиристод. Онҳо то соати 15-и рӯзи шанбе аз зери вайронаҳо 23 ҷасадро берун овардаанд.

Зилзилаи шадид рӯзи 6-уми феврали имсол Туркия ва Сурияро такон дод. Бар асари он дар ду кишвар беш аз 24 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Амалиёти наҷоти одамон ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар зери вайронаҳо идома дорад. Эҳтимол теъдоди қурбониён бештар шавад.