Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон зиндагии як муаллими собиқ, ки зиёда аз бист сол боз бе хонаву дар буд, тағйир ёфт. Дӯстону ҳамсинфонаш ӯро дар навор шинохта, ба хонаи пиронсолон бурдаанд. Миродил Халилов кист ва чаро ба ин ҳол уфтод?
"Ҳамсинфонам шинохтанд"
Миродил Халилови 62-сола ба ёд надорад, ки бори охир кай мӯйи сарашро тарошида ё ба тартиб дароварда буд. Ҳоло ӯро дар хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд нигоҳубин мекунанд. Халилов мегӯяд, аз соли 2000-ум ба ин тараф ҷойи зист надошт ва панҷ соли охир тамоман бемору барҷомонда буд. Акнун ҳаёташ дигар шуд.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони "Диёр", дар маркази вилояти Суғд ба шахсони бехонумон мадад мекунад. Ӯ мегӯяд, Миродил Халилов ҳоло ҳамчун сокини шаҳри Хуҷанд сабтином шуд. "Барои додани нафақа низ номнавис карданд," – афзуд Абдураҳмонова.
Радиои Озодӣ ду моҳ пеш дар бораи фавти бесарпаноҳон дар шароити баду бекасӣ гузориш дод. Дар он чанд пора навори зиндагии сахти Миродил Халилов низ ҷой дошт.
Худаш мегӯяд, пас аз намоиши он дӯстон ба дидораш омаданд ва барои тағйири зиндагӣ маслиҳат доданду кумак карданд. "Ҳамсинфонам дар Исфара маро дар навор дидаанд. Намедонистанд, ки дар кадом ҳолат зиндагӣ мекунам. Худам ҳам ба назадашон нарафта ва вазъиятамро нагуфта будам. Шарм медоштам," – нақл кард Миродил Халилов.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Хӯрок ҳаст, ҳаммом низ"
Ӯ зодаи шаҳри Исфара аст ва касбаш омӯзгорист. Гардиши айём ӯро чанд бор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия бурд ва сипас дар пайи нобарориҳо овораву саргардон кард. Мегӯяд, ду фарзанду ҳамсараш фавтидаанд. Бо хешу пайвандон тамос надорад. Ҳоло хушҳол аст, ки ҳамсинфонаш пас аз бист сол ба суроғи ӯ омаданд.
Шафқат Марофиев, яке аз ҳамдарсони Миродил Халилов, мегӯяд, "қариб бист ҳамсинф будем. Баъзеашон дар Русия ва баъзеашон дар ҳаёт нестанд. Мо, 7-8 нафар, ҳамавақт дар Исфара ҳастем. Ҷойи Миродил дақиқ шуд ва ҷойи хуб аст, акнун ҳар замон ба аёдаташ меоем."
Миродил Халилов мегӯяд, нокомӣ ва фишори зиндагӣ ба равонаш таъсир гузошт ва ҳаракати як пояш чанд сол боз суст шуда. Пизишкон мегӯянд, беморияш табобатшаванда аст. Ба қавли ҳамшираи шафқат Сания Турсунова, "бояд зиқ нашаванд, бо ҳамсолон суҳбату дилхушӣ кунанд. Дар вақташ хӯрок медиҳем."
"Дар инҷо ҳаммом низ ҳаст," – илова кард Миродил Халилов.
Як пажуҳиши созмони “Диёр” ва Бунёди Нотабене дар охири соли 2021 маълум кард, ки дар вилояти Суғд тақрибан 500 нафар бесарпаноҳанд. Муаллифон мегӯянд, дар ду сол танҳо дар Хуҷанд 30 шахси бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва ҷойҳои дигар фавтиданд. Синни миёнаи онҳо 35 аст.
Мақомот намегӯянд, ки барои ба зиндагии маъмулӣ баргардондани шахсони бехонаву дар ё оворагард чӣ барнома доранд. Яке аз мушкилҳои асосии бесарпаноҳон надоштани ҳуҷҷат аст. Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош доранд, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.