Президенти Радиои Озодӣ бо раиси ҷумҳури Қирғизистон вохӯрд

Мулоқоти Ҷеймӣ Флай бо мақомоти Қирғизистон

Дар ҳоле ки ҳукумати Қирғизистон бахши қирғизии Радиои Озодиро ба додгоҳ кашида, онро бастан мехоҳад, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба ин кишвар рафт ва бо раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов (Жапаров) мулоқот кард.

Ҷейми Флай зимни сафараш ба Бишкек бо намояндагони порлумони ин кишвар низ дидору гуфтугӯ намуд. Нақши "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар расонидани иттилои дақиқ аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯҳо будааст.

"70 соли пешниҳоди гузоришҳо бо забони қирғизӣ маълум кард, ки қирғизистониҳо мехоҳанд, ба маълумоти сареъ ва мустақил дастрасӣ дошта бошанд,"- гуфт Ҷейми Флай.

Ӯ афзуд, "мо аз ҳукумати Қириғизистон даъват мекунем, ки ҳамларо ба расонаҳои озод бас кунад ва мавқеи худро чун кишвари озод барои расонаҳо дар минтақа ҳифз намояд."

Сафари президенти Радиои Озодӣ ба Бишкек дар шабу рӯзе сурат гирифт, ки Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи шаҳри Бишкек хостааст, баррасии баҳси ин ниҳодро бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ то 20-уми феврал ба таъхир гузорад.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек хост, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун расона қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​