Одинашоҳ Қурбонов, яке аз камтарин пайравони оини қадимии зардуштӣ дар Тоҷикистон, дар 92-солагӣ, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, даргузашт.
Ӯро рӯзи 9-уми феврал дар деҳаи Навободи ин ноҳия ба хок супурданд.
Сокинони деҳ ӯро бо номи Одина Шоҳӣ мешинохтанд ва миёни мардум бештар ҳамчун устои созҳои мусиқӣ маъруф буд.
Одина Шоҳӣ, ҳафт сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки насл ба насл ойини зардуштиро ҳифз кардааст.
Манзили зисти ӯ пур аз созҳои мусиқие буданд, ки бо дастони худ тарошидааст. Ҳоло ин ҳунарро ба ягона писараш ба мерос додааст. Одина Шоҳӣ ба оҳанг ва созҳои мусиқӣ муносибати хос дошт.
Ӯ гуфта буд, ки падару бобоҳояш охири асри 19 аз Роғи Афғонистон ба деҳаи Навободи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) кӯчидаанд. Ӯ аслан ойини зардуштиро илм мегуфт. “вақте мехонӣ, мефаҳмӣ, ки ин илм аст. Зардушт иҷоза намедиҳад, ки кӯр-кӯрона аз ӯ пайравӣ кунӣ. Ту аввал маро биомӯз, вақте писанд омадам, маро фаҳмидӣ, баъд марҳамат бипарвар маро.”-- гуфта буд, Одина Шоҳӣ.
Видео дар бораи ин мард аз ҳафт соли пешро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зардуштӣ, як ойини қадимии қабл аз ислом аст, ки аксари тоҷикон дар гузашта аз он пайравӣ мекарданд. Дар асрҳои 8-9 тоҷикон исломро пазируфтанд ва мисли Одинашоҳ афроди пойбанд ба ойини қадимӣ танҳо дар баъзе аз гӯшаҳои Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон боқӣ монданд. Одинашоҳ дар Тоҷикистон аз камтарин нафаре буд, ки худро ошкоро пайрави ин ойини қадимӣ медонист.