Таҳияи филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ ба куҷо расид?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо гузашти ду сол аз тасмими Тоҷикистону Узбекистон барои сохтани филме дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз замони наворгирӣ ва буҷаи он мушаххас нашудааст.

Бо гузашти ду сол аз тасмими Тоҷикистону Узбекистон барои сохтани филме дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз замони наворгирӣ ва буҷаи он мушаххас нашудааст. Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси “Тоҷикфилм”, рӯзи 9-уми феврал гуфт, филмнома омода аст, вале барои наворбардорӣ кори зиёдеро анҷом додан зарур аст.