Фаъоли иҷтимоӣ ба "ғасби ҳокимият" гумонбар шудааст

Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як фаъоли иҷтимоиро ба гумони барҳам задани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва даъват ба ғасби худсаронаи ҳокимият боздошт карданд.

Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ "матолиби иғвогарона" нашр мекард. Шахсияти боздоштшуда ошкор нашудааст. Расонаҳо аз рӯи аксҳо ташхис доданд, ки боздоштшуда мумкин аст, сармуҳаррири яке аз сомонаҳои хабарӣ бошад.

Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин аз анҷоми ташхиси лингвистикӣ хабар доданд. Ташхис нишонаҳои "даъвати оммавӣ ба ғасби ҳокимият"-ро дар навиштаҳои боздоштшуда ошкор кардааст.

Дар Қирғизистон ахиран боздошти фаъолону блогерон афзудааст.

Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо парвандаи маъруф ба "Кампиробод" аст, ки дар доираи он моҳи октябри соли 2022 беш аз 20 сиёсатмадору фаъоли иҷтимоӣ ба гумони "омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ КДАМ рӯзноманигори дигари қирғизистонӣ Идрис Иҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кард.