Пригожин гуфтааст, “ҷалби зиндониён ба ҷанг бас шуд”

Муассиси гуруҳи хусусӣ ва низомии “Вагнер”-ро яке аз одамони наздик ба раиси ҷумҳури Русия медонанд

Евгений Пригожин, муассиси гуруҳи хусусӣ ва низомии “Вагнер”, гуфт, ҷалби зиндониёнро барои ҷанг дар Украина бас кардааст.

Ӯ рӯзи 9-уми феврал дар посух ба дархости як расонаи русӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, “ҷалби зиндониён аз тарафи гуруҳи хусусии низомии “Вагнер” пурра қатъ шуд.”

Ин гуруҳ аз тобистони соли 2022 ба ҷалби маҳбусон ба ҷанги Украина машғул буд ва шарташ ин аст, ки агар то ним сол зинда монанд, афв мешаванд.

То кунун ҷасади чандин зиндонии тоҷикро, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба волидонашон дар Тоҷикистон супурданд. Зоҳиран онҳоро низ гуруҳи “Вагнер” ба ҷанг бурдааст.