Ҷасади Бежан Шарофовро ба наздиконаш додаанд

Бежан Шарофов. Акс аз Фейсбук

Бежан Шарофов (Бижан Шаропов), донишманди тоҷики муқими Украина, дар набард бо нерӯҳои Русия кушта шудааст. Вай аз моҳи апрели соли 2022 бедарак буд. Хабарро намояндагони Украина ва Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Шарофови 34-сола дар Академияи илмҳои Украина кор мекард ва шаҳрвандии ин кишварро дошт. Ба навиштаи дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пас аз ҳуҷуми бедалели Русия "ба ҳимоят аз Украина бархоста буд".

Александр Шерба, дипломати баландмақоми украинӣ, рӯзи 9-уми феврал дар Фейсбук навишт, Бежан Шарофов моҳҳо пеш бенишон шуда буд ва танҳо ташхиси ҷасад (ДНК) имкон дод, ки ҳувияташ маълум гардад.

Ин дипломат аз Бежан Шарофов "мубориз, донишманд ва ватандӯст" ном бурдааст. Ҳамкорони украинияш рӯзи 8-уми феврал навиштанд, "Бежан Шарофов олими барҷастаи соҳаи биология, номзади илм ва омӯзгор буд".

Ба гуфтаи дӯстонаш, донишманди тоҷик моҳи апрели соли 2022 дар шаҳри Изюм ва ҳангоми даргирӣ бо нерӯҳои Русия нопадид шуд.

Бежан Шарофов дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар бораи ҳузураш дар хати ҷанг хабар нашр мекард. Навиштаи охирини ӯ аз моҳи апрели соли гузашта аст. Дар он гуфтааст, рондани мошинҳои ҳарбиро аз худ карданд. Шомили баталйони "Айдар" будааст.

Як дипломати тоҷик, ки нахост аз ӯ ном барем, кушта шудани Бежан Шарофовро тасдиқ кард. Вай рӯзи 9-уми феврал гуфт, Шарофов солҳо пеш шаҳрвандии Украинаро гирифта, табааи Тоҷикистон набуд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, "мақомоти Украина ҷасадро ба наздикони ҷавон доданд."

Теъдоди тоҷиконе, ки аз ҷониби Украина дар баробари ишғоли Русия меҷанганд, маълум нест, вале номи даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд, расонаӣ шудааст.