Масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, барои намоиш додани ин ё он шахс дар ТВ-ҳои давлатӣ "рӯйхати сиёҳ" вуҷуд надорад. Баъзе аз овозхонҳои шинохта ҳамвора шикоят доранд, ки онҳоро ба телевизионҳои кишвар роҳ намедиҳанд.
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи 8-уми феврал гуфт, ҳар сарояндае маблағи вақти эфирро бипардозад, метавонад, аз минбари шабакаҳои телевизионӣ истифода барад.
"Ба касе "не" нагуфтем. Танҳо ба ансамблҳои давлатӣ хидматрасонии бемузд дорем. Шахсоне, ки аз ансамблҳои давлатӣ берунанд, марҳамат, маблағро супоранд, майдон аз далер аст," – афзуд ӯ.
Намояндагони Кумита дар нишасти хабарӣ аз гуфтани "ҳаққи хидмат" худдорӣ карданд, аммо дар айни замон гуфтанд, "талаботи дигар низ ҳаст".
Раиси Кумитаи телевизион гуфт, "мо мебинем, ки чиро пахш кунем. Баъзеяш шеърҳои маҳбубтарин шоиронро ғалат мехонанд. Мо ба онҳо ҳам иҷозат намедиҳем. Барои ҳамин, Шӯрои таҳрирӣ ва Шӯрои бадеӣ ҳаст. Мо шӯрои техникӣ ҳам дорем, назорат мекунем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз сарояндаҳои маъруф аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки телевизионҳои давлатӣ аз пахши сурудҳои онҳо худдорӣ мекунанд. Зулайхо Маҳмадшоева гуфт, борҳо аз ӯ пурсидаанд, ки чаро дар телевизион нишон намедиҳанд.
"Аслан мо хурсанд мешавем, ки ба телевизионҳо даъват кунанд. Ҷавонон Интернет доранд, моро аз тариқи Ютуб мебинанд. Калонсолон, масалан, аъзои оилаи худам телевизион тамошо мекунанд. Мепурсанд, чаро нишонат намедиҳанд?" – гуфт Зулайхо Маҳмадшоева рӯзи 8-уми феврал.
Зулайхо корманди ансамбле нест. Мехоҳад, сурудҳояш дар телевизионҳои давлатӣ, ки манбаи асосии даромадашон аз буҷети давлатӣ ё андози мардум аст, ройгон пахш шавад.
"Бисёр вақт мебинем, ки намоҳанг (клип)-и ҳунармандони узбеку афғону эрониро пахш мекунанд. Фикр намекунам, онҳо пул диҳанд," – гуфт Меҳрнигори Рустам, овозхони тоҷик.
Нигаронӣ аз тарзи кори телевизионҳо дар мавриди бархурди дигаргуна бо овозхонҳо борҳо садо додааст. Ба назари таронанавис Орзу Исоев, дар шабакаҳои телевизионӣ як навъ монеа вуҷуд дорад: "Мегӯянд, ҳеч монеа нест. Пас, суол ин аст, ки чаро Шабнами Сурайёву Зулайхо ва Меҳрнигор дар телевизионҳои давлатӣ нестанд? Садриддин ва чанд тани дигар, ки ҳунари воло доранд."
Дар Тоҷикикистон 15 шабакаи телевизионии давлатӣ ва 18 телевизиони хусусӣ амал мекунад. Шабакаҳои давлатӣ аз имкониятҳои калон бархӯрдоранд ва дар аксар минтақаҳо дастрасанд. Мунтақидон мегӯянд, телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум кор мекунанд, танҳо ба таърифу тавсифи ҳукумат машғуланд ва аз инъикоси мавзуъҳои муҳим худдорӣ меварзанд.