Сергей К. пештар дар ФАН ё Оҷонси интернетии таҳқиқотӣ дар Санкт-Петеребург кор мекард. Ин гурӯҳ бо номи "фабрикаи троллҳо" маълум аст ва онро Евгений Пригожин, "ошпази Путин", сарпарастӣ мекунад.
Троллҳо корро дар ин фабрика танҳо пас аз имзои як санад оғоз мекунанд. Яъне, вазифдор мешаванд, ки хабару маълумоти дохили Оҷонсиро ба берун набароранд. Аммо чанд нафар ҷуръат карда, ин уҳдадориро вайрон намуданд.
Соли 2015 Мурат Буркхард, собиқ корманди "Фабрика" дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ муфассал дар бораи фаъолияти худ ҳамчун тролл нақл карда буд. Вазифаи ӯ аз ин иборат буд, ки дар баҳсҳои гуногун шарҳ нависад. Ҳамин тавр, чанд нафари дигари огоҳ асрори "фабрикаи троллҳо"-ро ошкор кардаанд. Хабарнигор Людмила Савчук барои шинос шудан бо кори мубаллиғон ё троллҳо махсус вориди ин фабрика шуда, баъдан онро ба додгоҳ кашид ва пирӯз ҳам шуд.
Бархе 40 ҳазор рубл мегиранд, бархеи дигар, ки кори бештару хубтар кардаанд, зиёда аз 50 ҳазор рубл.
Бо гузашти чанд сол шеваи кори "фабрикаи троллҳо" тағйир наёфтааст.
Сергей К. собиқ тролле, ки розӣ шуд дар бораи кори ин гурӯҳ қисса кунад, ба хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ нусхаи супоришҳоеро пешниҳод кард, ки ҳамарӯза ба онҳо дода мешуд. Онҳо бояд дар як ҷадвали махсус ҳисобот медодаанд, ки дар давоми як соат зери чанд матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чӣ теъдод шарҳ гузоштаанд.
Дар байн бояд шарҳҳои таҳқиру фаҳшомез ҳам бошанд. Кори яке аз бахшҳои фабрика аз он иборат будааст, ки чеҳраи рӯзноманигорон ё сиёсатмадорону мухолифонро дар наворҳои кӯтоҳ ва филмҳои фаҳшо намоиш диҳанд.
– Сергей, чаро тасмим гирифтед, ки дар бораи кори худ дар "фабрика" ошкор сӯҳбат кунед?
– Ман вақте ба ошхонаи таблиғгарони давлат аз дохил ошно шудам, фаҳмидам, ки чаро мехоҳанд даҳони Шуморо бубанданд ва хомӯш кунанд. Онҳо дар ҳама ҷо дурӯғ мегӯянд. Ҳоло аз телевизионҳои давлатӣ дилам беҳузур мешавад.
– "Фабрика" чӣ гуна ташкил шудааст?
– Он аз чандин бахш иборат аст. Масалан, дар ҳар як утоқ то 15 нафар кор мекунад. Як бахш бо кор дар Ютуб вобаста шудааст. Идораи дигар дар Фейсбук кор мекунад. Хулоса ҳамин хел тақсим шудаанд. Ҳар як бахш роҳбари худро дорад. Бахши мо бояд дар чати Телеграми саҳифаҳои супоришшуда ба монанди RT, РЕН-ТВ, "Известия" ва расонаҳои мухолиф, аз ҷумла "Новая газета", Радио Свобода ва "Сталингулаг" кор мебурд. Ҳарчанд дар ин саҳифаҳо зуд фаъолияти моро қатъ мекарданд, боз ба ин гурӯҳҳо аз аккаунт ё саҳифаҳои гуногун ворид мешудем. Барои ташкили ин саҳифаҳо троллҳо бо симкорти кофӣ таъмин шудаанд. Он ҷо анбори симкорт мавҷуд аст.
– Шумо дар саҳифаҳои телевизионҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам зиёд кор мекардед?
– Бале, шуруъ аз RT то саҳифаи шабакаи телевизионии "Домашний" кор мекардем. Ба шарҳҳои саҳифаи RT дар бораи ғарб назар кунед, ба осонӣ мефаҳмед, ки ин кори кӣ аст. Ба гурӯҳи RT дар ҳар шабакаи иҷтимоӣ ворид шавед, онҳо рӯзи дароз барои Росия мубориза мебаранду ҳимоя мекунанд. Зери ҳар хабар, масалан, дар бораи Мушак, Амрико ё Путин хулоса дар ҳама ҷо онҳо чун нонхӯрак паҳн шудаанд.
– Дар баробари бахше, ки бо шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор дошт, боз кадом шӯъбаҳо фаъоланд дар ин фабрика?
– Шӯъбаи махзани маълумот ҳаст, ки дар он парвандаҳои шахсии афроди ноқулай ва компромат ё мавод барои фошсозӣ нисбат ба ҳама нигоҳ дошта мешавад. Рӯйхати пойгоҳҳое ҳаст, ки бояд сиёҳ карда шаванд. Дар сархати ин феҳраст Радио Свобода ва ‘’Новая газета’’ қарор доранд. Онҳо аз маводи таҳиякардаи шӯъбаи махсуси дигар истифода мебаранд. Аз ҷумла, маводи фаҳшомез. Онҳо ин маводро омода карда, дар чати умумии корӣ ба ҳама мефиристанд ва баъдан мо бо ин навору мавод ба муҳориба шуруъ мекунем. Ҳама чиз шӯъбаи худро дорад. Ин як сохторест, ки хеле хуб ташкил шудааст. Тасаввур карданаш мушкил аст, ки одамон он ҷо ба чӣ корҳое машғуланд ва барои ҳамин сафсатаҳо чӣ қадар маблағи ҳангуфте ба даст меоранд.
– Дар умум чӣ теъдод одамон дар ин "фабрика" кор мекунанд?
– Дақиқ намедонам, шуъбаҳои он дар биноҳои гуногун ҷойгиранд. На камтар аз 150 нафар дар басти рӯзона дар як бино кор мекунад. Дар маҷмуъ, ба фикрам, то 1000 нафар ба ин кор ҷалб шудаанд. Гурӯҳе маълумот медиҳанд, бархеи дигар ин иттилоотро ба шуъбаҳо тақсим мекунад. Гурӯҳи саввум ҷаласаҳо доир карда, мефаҳмонад кӣ ба кӣ бояд чӣ гуфт.
– Зимни қабул ба кор дар “Фабрикаи троллҳо” ба кадом малакаҳо таваҷҷӯҳ дода мешавад. Ва чӣ тавр маълум мекунанд, ки Шумо ҷосус ё мухолиф нестед?
– Ман аз санҷише гузаштам, ки дар он бояд саҳнасозӣ карда, дар навору маводи мухталиф шарҳ менавиштам. Хадамоти амниятии онҳо ҳам тавассути махзани иттилоъ маро тафтиш карданд. Баъдан маро ба қайд гирифтанд ва зуд дар гурӯҳи RT, "Известия", РЕН-ТВ ва расонаҳои дигар ба мубориза шуруъ кардам. Кори мушкил нест, дар ҷоят нишаста ҳамон як сафсатаро батакрор бояд 11 соат навиштаву паҳн кунӣ. Ҳамаи кормандон дар онҷо дар ду баст кор мекунанд.
– Барои қабул ба ин кор маълумоти олӣ ё диплом талаб мешавад?
– Не, диплом напурсиданд. Доштани шаҳодатномаи мактаби миёна ва дониш кофӣ аст. Одамони гуногуне он ҷо ба кор қабул мешаванд. Бархе донишманду олиманд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки маълумоти олӣ надоранд. Вале ҳама тибқи супориш кор мекунад. Ба ту фармон медиҳанд ва ту иҷро мекунӣ.
– Он ҷо танҳо ҷавонон ба кор қабул мешаванд?
– Не, ҳатто бознишастагон ҳам ҳастанд.
– Ҳақмузд чӣ қадар аст?
– Бархе 40 ҳазор рубл мегиранд, бархеи дигар, ки кори бештару хубтар кардаанд, зиёда аз 50 ҳазор рубл.
– Дар як баст бояд чӣ теъдод шарҳ навишта шавад?
– Тибқи меъёр то 120 шарҳ.
– Марат Буркхард гуфта буд, ки як тролл шарҳи гӯиё интиқодӣ менависад ва тролли дигар, ки дар паҳлӯяш нишастааст, ба ӯ вокуниш медиҳад, то таваҷҷӯҳи дигаронро ҷалб кунад. Ҳоло ҳам аз ин таҷриба кор мегиранд?
– Бале, аз як саҳифаи фейкии масалан идораи мо шарҳҳои туҳматомезу танқидӣ навишта мешуд ва аз саҳифаҳои дигари қалбакӣ ба ин ҳама ҷавоб дода мешуд. Ин як навъи фаъолияти пурғавғо буд, ки бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи корбарон ба шарҳҳои зери ин ё он хабар ташкил мешуд.
– Рост аст, ки дар "фабрика" чораҳои шадиди амниятӣ ҷорӣ аст ва ҳама таҳти назорат аст, то нафари бегонае вориди он нашавад?
– Дуруст аст. Техникаи корӣ тафтиш ва назорат мешавад.
– Сифати кор чӣ гуна тафтиш мешавад?
– Ҳамаи шарҳҳо (матн ва истинод ба он) дар ҳисоботи басти корӣ дар ҷадвали махзани маълумот ворид карда мешавад. Яъне, вақте шарҳе менависед, дар қисмати мавзуъҳои ҷадвал ҳатман мавзӯи шарҳи худро сабт мекунед.
– Ягон, роҳи боэътимоде ҳаст, ки муайян карда шавад, шарҳ дақиқан аз сӯйи тролл навишта шудааст?
– Албатта, на ҳамаи шарҳҳо ба ҷонибдорӣ аз Путинро троллҳо менависанд. Агар Шумо ба касе шубҳа доред ва фикр мекунед, ӯ тролл аст, ба саҳифааш ворид шавед. Маъмулан саҳифаҳои троллҳо бастааст. Онҳо номҳои дигар мемонанд, аксҳои афроди дигареро аз "Одноклассники" гирифта, истифода мебаранд. Аксҳои одамони воқеиро медузданд, каме рангашро тағйир медиҳанд, масалан сиёҳу сафед мекунанд, то дар "Яндекс" ёфтани он мушкил бошад. Вале гурӯҳе ҳаст, ки зидди “Фабрикаи троллҳо” кор мебарад ва онҳо соҳибони воқеии ин аксҳоро пайдо мекунанду дар шарҳҳо талаб мекунанд, ки чеҳраи аслии худро боз кунанд.
– Оё ҳолате буд, ки соҳибони аксҳои дуздидашуда эътироз карда бошанд?
– Бадтар аз ин ҳам буд. Ман дар зери матлаби ё RT ё РЕН-ТВ шарҳе навиштам. Баъдан дар паёми хусусӣ як духтар ба ман навишт, ки “ин саҳифаро аз куҷо ёфтед?”, “Ин саҳифаи хоҳари ман аст”. Ман намедонистам, ба ӯ чӣ посух диҳам. Ба саҳифаи вай ворид шудам, аксҳояшро дидаму фаҳмидам, ки воқеан ин акси хоҳари ӯ аст, ки чанде пеш дар як садама фавтидааст.
– Саҳифа ва акси ӯ чӣ тавр ба дасти троллҳо афтидааст?
– Онро дуздидаанд. Ин даҳшат аст. Онҳо аккаунтҳои одамони мурдаро истифода мебаранд. Ман он замон худро хеле бад ҳис кардам ва то ҳол наметавонам инро фаромӯш кунам.
– Шумо аз чанд саҳифа истифода кардаед?
– Беш аз сад. Вақте як саҳифа баста мешуд, ба ман дигарашро мефиристоданд. Ҳар як саҳифа мавзӯи худро дорад. Масалан, агар духтар дар бораи силоҳ нависад, бемантиқ хоҳад буд. Онҳо барои чунин мавзуъҳо аксу саҳифаи мардонаро истифода мекунанд. Яъне, бо ин роҳ мехоҳанд нишон диҳанд, ин одами воқеӣ аст, аммо бо саҳифаи пӯшида.
– Саҳифаҳои троллҳоро дар ҳама ҷо мебанданд. Шумо зуд-зуд аз саҳифаҳои нав истифода мекардед?
– Бале, дар шабакаҳои мухталиф хеле зиёд баста мешаванд. Масалан, вақте ба саҳифаи Радио Свобода ҳамла сурат гирифт, саҳифаҳои мо пурра нобуд шуданд. Ҳарчанд мо ба воситаи VPN кор мекардем.
– Ҳама ба воситаи VPN кор мекунанд?
– Албатта. Масалан нишон дода мешавад, ки ин шарҳ аз Мозамбика навишта шудааст. Вале дар асл он масалан аз Санкт-Петерберг омадааст.
– Ҳамаи кормандони “фабрика” қатъиян тибқи дастур кор мекунанд? Ташаббусҳо чӣ гуна қабул мешуданд?
– Не, метавонед эҷодкорӣ ҳам кунед, албатта, дар машварат бо роҳбар ё роҳнамои худ. Агар қобилияти эҷодӣ бошад, истифода кардан мумкин аст.
– Ҳамкорони Шумо чунин қобилият доштанд ё ҳама фақат ба хотири 40 ҳазор рубл рӯз мегузаронданд.
– Онҳое ҳам буданд, ки бо ҳавас кор мекарданд. Вале бархеи дигар бо дарки ин ки корашон сафсатае беш нест, фақат ба хотири пулкоркунӣ меомаданд. Одамон гуногунанд. Ман он ҷо бо одамоне вохӯрдам, ки бовар доштанд, мушкил дар он нест, ки ин ҷо ҳама бад аст, балки мушкил дар Департаменти давлатии Амрико аст.
– Буданд ҳолатҳое, ки нафареро аз “фабрика” барои андешаҳои сиёсӣ хориҷ ва ё муҷозот карда бошанд.
– Не, ман бо чунин ҳолате рӯ ба рӯ нашудам. Ягона коре, ки онҳо дар чунин ҳолат мекунанд, маҳрум кардан аз мукофотпулӣ буд.
– "Кремлебот" (шабакаи беном дар Телеграм, ки аз сӯйи як тролл пеш бурда мешуд) навиштааст, ки худи калимаи "тролл"-ро кормандони фабрика истифода намебаранд. Шумо худро чӣ гуна ном мебурдед?
– Не, онҳо ҳам худро тролл ном мебурданд. Ё шояд дар идораи мо бачаҳо чунин мегуфтанд. Кори мо ҳам ҳамин буд. Шарҳҳои нохушоянд, баъзан таҳқиромез менавиштем. Дар ҷанг, ҳама василаҳо хубанд, муҳим якдигарро сиёҳ бояд кард.
– Ягон маҳдудият буд? Бояд ҳатман аз алфози қабеҳ истифода мешуд?
– Шумо метавонед дашномро дар шакли гуногун истифода баред. Фақат бояд коре кард, ки саҳифаатон блок ё баста нашавад. Мо бачаҳое доштем, ки аз истифодаи калимаҳои дағал худдорӣ намекарданд.
– Ин ки "фабрика" дар Санкт-Петербург ҷойгир аст, ба кори Шумо таъсир мекунад? Бояд бештар дар мавзуъҳои вобаста ба Петербург менавиштед?
Барои одаме, ки ин ҳамаро надидааст, тасаввур кардан мушкил аст, ки шахсони калонсол дар як ҷо ҷамъ омада, ба корҳои пучу бемаъние машғул мешаванд.
– Бале, махсусан дар бораи губернатор Беглов. Вақте ӯро таъин карданд, ба мо як баста супорише доданд, ки бояд аз муваффақиятҳои ӯ мегуфтем ва нақл мекардем, ки чӣ тавр дасти ӯ ба ҳама кор мерасад. Агар касе дар Интернет нависад, ки “чеҳраи Беглов каҷ аст” бояд ҷавоб медодем, ки “Шумо ба чеҳраи худатон як назар кунед. Ӯ кор мекунад, мо ӯро на барои намуди зоҳирӣ, балки барои кордонияш эҳтиром мекунем.” Баъдан ҳамин шарҳ бояд бо ҳештеги #чеҳраиБеглов дар гузориши ҳисоботӣ ворид карда мешуд. Мо мӯйлаби Бегловро ҳимоя мекардем, нақл мекардем, ки ӯ онро бо назокат қайчӣ мезанад. Ё аз насаби ӯ таъриф мекардем. Яъне, дарк мекунед, ки ин як кори бемаънӣ, вале дар айни замон як низоми пурқудрат аст. Ман аз ин ҳама девона мешудам.
– Ҳоло зиёд мушоҳида мекунед, ки троллҳо ба пости мушаххасе ҳамла мекунанд?
– Бале, ҳамлаҳо одатан фармоишӣ ҳастанд. Агар Шумо, масалан, дар бораи “ошпази Путин” ягон чизи нохушоянд нависед, фавран ба Шумо бо дашному суханҳои қабеҳ дармеафтанд. Таҳдид мекунанд. Ин ҳолатро дар "ВКонтакте", Инстаграм ва YouTube дидан мумкин аст. Бо аккаунт ё саҳифаҳои зарурӣ хеле хуб таъмин шудаанд. Барои мисол, намунаи яке аз корҳои онҳо, ки видеоӣ аст, чунин аст: “Ой ман ба ахлот пой гузоштам.” Ба зери пояфзолаш менигарад, ки он ҷо "Новая газета" ё Радио Свобода навишта шудааст.
– Пригожин ба идораи шумо меомад?
– Не, танҳо ёвараш меомад. Ман номашро ёд надорам, вале як марди бемӯйи тақрибан 45-50 сола буд. Ҳама аз ӯ метарсиданд. Ҳарчанд ба ҷуз аз даст додани ҷойи кор дигар ҳоҷат барои тарс набуд.
– Кай дарк кардед, ки дигар кор кардан намехоҳед?
– Дар аввал бароям ин ҳама хандаовар буд. Кормандон ошкоро дар бораи Путин шӯхиҳо мекарданд ва ҳама қариб медонист, ки кори беъмание мекунад ва хушомад мегӯяд. Вале кори даромаднок буд. Ин ҳам мисли он аст, ки духтурон бо мурдаҳо кор мекунанд ва ҳамзамон дар ин маврид бо ҳам шухӣ мекунанд. Вале баъд аз чанде виҷдонам маро азоб медод. Аз кор ба хона меомадаму хеле нороҳат мешудам. Ман ҳамеша эҳсоси пушаймонӣ мекардаму ҳолати бад доштам. Барои одаме, ки ин ҳамаро надидааст, тасаввур кардан мушкил аст, ки шахсони калонсол дар як ҷо ҷамъ омада, ба корҳои пучу бемаъние машғул мешаванд.