16 қазоқистонӣ ва ду қирғизистониро аз Туркия овардаанд

Ҳавопаймои махсуси ҳомили шаҳрвандони Қазоқистон дар фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон нишаст. Ин ҳавопаймо 16 шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Қирғизистонро аз Туркия овард.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пештар хабар дода буд, ки то ҳол маълум нест, миёни қурбониёни зилзила дар Туркия шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд ё на.

Бино ба омори расмии ҷониби Туркия, дар он кишвар дар соли гузашта ҳудуди 45 ҳазор қазоқистонӣ зиндагӣ мекарданд.

Теъдоди умумии қурбониёни заминларза дар ҷануби Туркия ва минтақаҳои шимолии Сурия ба марзи 9000 наздик шуд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал рӯй дод.