Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе барои барҳам додани "Тоҷпромбонк" ним соли дигар фурсат додааст. Ин бонк соли 2017 муфлис эълон шуд, аммо мақомот то ҳол натавонистаанд, онро пурра бибанданд.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал гуфт, "баъзе аз омилҳое ҳастанд, ки барои барҳамдиҳӣ мушкилӣ пеш меоранд."
Аз ҷумла, ба қавли ӯ, то ҳол баъзе аз муштариён қарзи гирифтаи худро барнагардонданд ва бонк ҳам пули амонтузоронро бозпас надод. Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯяд, то ин омилҳо бартараф нашаванд, барҳам додани бонк ғайриимкон аст.
Зулфия Саидзода, як додраси Додгоҳи иқтисодии Душанбе, гуфт, 37 миллион сомонӣ мондааст, ки аз ҳисоби дороиҳои “Тоҷпромбонк” бояд баргардонда шаванд. Ба ин маблағ ҳам амонати мизоҷон, пули Вазорати молия ва дигар уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” дохил мешаванд.
Ба гуфтаи додраси Додгоҳи иқтисодии Душанбе, дар оғози барҳамдиҳӣ уҳдадории “Тоҷпромбонк” дар назди мизоҷонаш 174 миллион сомонӣ буд. Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 аз муфлисшавии “Тоҷпромбонк” ва оғози барҳамхӯрии он хабар доданд. Пас аз он мудирияти махсус дороиҳои бонкро ба фурӯш гузошта, бозпас додани амонати муштариёнро шуруъ кард.
Бо гузашти шаш сол то ҳол як қисми муштариёни “Тоҷпромбонк” наметавонанд амонатҳои худро бозпас гиранд. Онҳо ҳар чанд вақт барои додгоҳӣ ба дари Бонки миллӣ, мудири махсус ва Додгоҳи иқтисодии Душанбе мераванд, вале то ҳол мушкилашон бартараф нашудааст.
Пештар масъулони Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе гуфтанд, муштариёни бонк намехоҳанд, дар ивази пасандозҳои худ дороии бонк, аз ҷумла хонаҳоро бигиранд ва ин вазъро печида кардааст. Муштариён хонаҳо бо нархи аз бозор баланд ба онҳо пешниҳод карда мешавад.
Масъулони Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 7-уми феврал дар мавриди “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ду бонки дигари муфлисшуда низ суҳбат карданд. Рустам Мирзозода гуфт, то охири соли 2022 “Тоҷиксодиротбонк” дар назди мизоҷон ва ташкилот 1,2 миллиард сомонӣ уҳдадорӣ дорад. Дороиҳои бонк 3,8 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст.
Мирзозода афзуд, “Агроинвестбонк” 1,4 миллиард сомонӣ уҳдадорӣ дорад. Дороиҳои ин бонки дар гузашта калонтарини Тоҷикистон каме бештар аз 1,6 миллиард сомонӣ мондааст.
Низоми бонкии Тоҷикистон дар солҳои ахир давраи мушкилеро паси сар дорад. Чаҳор бонки калони кишвар “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис шуданд. Ба иттилои расмӣ, аз миёни ин чор бонк фақат “Фононбонк” пурра барҳам хӯрдааст.