Марги як чеҳраи ҳаводиси Қарақалпоқистон дар боздоштгоҳ

Қароқалпоқистон, тобистони соли 2022

Сардори пешини як шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон дар боздоштгоҳ ҷон додааст.

Полат Шамшетов рӯзи 31-уми январи имсол ба гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар ин минтақаи мухтори Узбекистон 6 сол зиндонӣ шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ субҳи 4-уми феврал дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон дод. Сабаби эҳтимолии маргаш сактаи қалбӣ гуфта шудааст.

Аъзои Кумисюни порлумонӣ дар бораи тафтиши ҳодисаҳои моҳи июли имсол дар Қарақалпоқистони Узбекистон 6 феврал барои таҳқиқи марги Шамшетов, аз ҷумла шароити нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳ ба вилояти Бухоро рафтаанд.

Эътирозҳо дар Қароқалпоқистони Узбекистон баъд аз он шуруъ шуд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қароқалпоқистон муваққатан даст кашиданд.