“Мунтазири занг бимон”
Русия дар тирамоҳи соли гузашта сафарбарии 300 ҳазор нерӯи эҳтиётиро ба артиш эълон кард. Дертар мансабдорон аз поёни маърака хабар доданд, аммо расман қароре имзо нашуд.
Муҳоҷирони тоҷике, ки барои сафарбарӣ ба артиш номнавис шуданд, ҳушдор гирифтаанд, ки Русияро тарк накунанд.
Насим, муҳоҷири 30-солаи тоҷик, дар як дӯкони хурд ҳамчун фурӯшанда кор мекунад. Вай гуфт, “рӯзи якуми феврал ба бинои пулис бурданду ҳуҷҷатҳоро тафтиш карданд. Худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардам. Дар компютер диданд, ки шаҳрванди Русия низ ҳастам.”
“Рақами телефонамро навиштанд. Шумораи телефони панҷ узви оиларо, ки се нафарашон дар Русия ва ду нафар дар Тоҷикистон ҳастанд, низ гирифтанд. Гуфтанд, телефон ва нишонии ҷойи зистро дигар накунам. Мунтазири занг бимонам. Огоҳ карданд, ки берун шудан аз Русия ҷиноят хоҳад буд,” – афзуд мусоҳиби мо.
Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, ҷавононе, ки дорои душаҳрвандӣ ҳастанд, ҳангоми тафтиш танҳо шиносномаи тоҷикиро нишон медиҳанд, то ба ҷанг ҷалб нашаванд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҳир, муҳоҷири дигари 34-солаи тоҷик, рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар даромадгоҳи як метрои Маскав пулис ӯро боздошт ва дар дохили мошине ҳуҷҷатҳояшро санҷид. Ба ӯ гуфтаанд, шомили онҳое шуд, ки бояд ба артиш бурда шаванд ва набояд қаламрави Русияро тарк кунад.
Ин муҳоҷир гуфт, ҳаргиз хоҳиши иштирок дар ҷангро надорад, аммо метарсад, ки ҳангоми тарки Русия боздошт накунанд. Пеш аз ин чанд муҳоҷири тоҷику қирғиз гуфта буданд, ки онҳоро аз марз пас гардонданд.
“Гап ҳаст”, “шикояту муроҷиат нест”
Дар айни замон даҳҳо ҳолате расонаӣ шуд, ки муҳоҷирони одии тоҷикро низ ба ҷанг бурдаанд. Бархеро бо зӯр ва бархеро бо ваъдаи зиндагии беҳтару пули зиёд. Мавридҳои ҷалби зиндониёни тоҷик ба ҷанги Русия низ сабт шудааст.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ба муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, дар ин самт кумак мерасонанд. Мушаххас нагуфтанд, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ба онҳо муроҷиат карданд.
"Нисбат ба шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, уҳдадориҳои ин кишвар амал мекунад," – гуфтанд дар сафорат.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, дар хориҷ аз Русия аст, вале мегӯяд, чандин нафар ба ӯ муроҷиат карда, роҳи раҳоиро пурсидаанд. Ӯ гуфт, ба муҳоҷирон машварат медиҳад, ки ба ҳеч шарт ба ҷанг нараванд, чун дар оянда дарди сар эҷод хоҳад кард.
"Онҳо дар ҷанги Украина шарик мешаванд. Ҷанге, ки аксар кишварҳои дунё ҷиноят меноманд. Муҳоҷирон низ хоҳиши иштирок дар ҷангро надоранд. Роҳҳои фирор аз Русияро бештар мепурсанд," – афзуд ӯ.
Видео: Муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳам айни мушкилро доштаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммад Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар дохили Русия ба муҳоҷирон мадад мерасонад, гуфт, то кунун дар ин бора шикояту муроҷиате нагирифт. Ӯ афзуд, аз муҳоҷирон дар бораи чунин ҳолатҳо зиёд мешунавад, вале мушаххасан касе аз ӯ кумак напурсид.
Дар тирамоҳи соли гузашта ва дар пайи эълони "мобилизатсия" баъзе аз афроди душаҳрвандӣ аз Русия ба Тоҷикистон кӯчиданд ва бархе то ҳанӯз онҷо ҳастанд. Иддае дигар мегӯянд, зиндагии оилаҳояшон дар Тоҷикистон аз кори онҳо дар Русия сахт вобастааст, бинобар ин, имкони тарки ин кишварро надоранд.
Ҳар сол ба далели набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар ба Русия мераванд.
Маскав шумораи умумии онҳоро ду миллион кас ҳисоб кардааст. Ҷониби Тоҷикистон шашсад ҳазор нафар медонад. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия дар як соли охир беш аз 173 ҳазор нафари онҳо шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ҳамин миқдор санади иқомати доимӣ ва муваққатӣ доранд.