Додугирифти Тоҷикистон бо Украина дар соли 2022 ба таври назаррас кам шудааст. Дар соле, ки Русия бедалел ба Украина ҳамла кард ва ин ҷанг ҳанӯз идома дорад.
Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст. Интизор мерафт, Украина аз ҳамкорони асосии Душанбе дар сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ, аз ҷумла "Роғун", гардад.
Ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ онро 6-уми феврал дид, дар соли гузашта бо Украина ба маблағи тақрибан 16,5 миллион доллар додугирифт шудааст. Ин омор дар муқоиса ба соле қабл даҳ миллион доллар камтар аст.
Онро ҳам молҳои воридотӣ аз Украина ташкил медиҳад. Киев дар соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз ду миллион доллар дастгоҳҳои гуногуни барқӣ, қариб ба як миллион доллар зардевор ва боқимонда шоколаду шириниҳои дигар додааст.
Содироти мол аз Тоҷикистон ба Украина дар соли гузашта ҳамагӣ ба 118 ҳазор доллар баробар аст. Асосан меваи хушк бурдаанд.
Дар пайи ҷанги Русия дар Украина бурдану овардани бисёре аз маҳсулот дар минтақа, аз ҷумла шакар, халалдор шуд.
Тоҷирони тоҷик дар гузашта ҳазорҳо тонна шакарро аз Украина меоварданд. Соли 2022 талаботро ба ин навъи маҳсулот аз ҳисоби воридот аз Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла беш аз 142 ҳазор тонна (ба маблағи қариб 84 миллион доллар) аз Ҳиндустон таъмин кардаанд.