Евгений Пригожин, сардори гуруҳи “Вагнер” рӯзи якшанбе гуфт, ҷангҳои сахте дар шаҳри Бахмут дар шимоли Украина идома дорад. Неруҳои Русия чанд ҳафта боз аст, ки барои ишғоли ин шаҳр саъй доранд.
Евгений Пригожин, ки гуруҳи амниятии ӯ ба ҷалби зархаридон ба ҷанги Украина машғул аст, гуфт, ки сарбозони ӯ ба зидди сарбозони Украина, ки ақибнишинӣ намекунанд ва “барои ҳар кӯча, ҳар хона ва ҳар пилла” меҷанганд.
Сарбозони Русия чанд ҳафта пеш Бахмути воқеъ дар вилояти Донетскро муҳосира карданд ва зоҳиран ба сахтӣ ва бо талафоти зиёд пешравӣ мекунанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар рӯзҳои пеш батакрор гуфтааст, ки вазъ дар Бахмут бисёр мушкил аст.
Ӯ рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт: “Ҳеч кас Бахмутро нахоҳад дод. Мо то замоне, ки метавонем, меҷангем. Мо Бахмутро қалъаи худ медонем.” Ишғоли Бахмут, ки ҳоло ба харобазоре табдил шудааст, барои Русия як пешравии стратегӣ дар ҷанг ба ҳисоб меравад.