ИМА Туркияро ҳушдор додааст, ки ба Русия маҳсулоти кимиёӣ, микрочип ва дигар маводе, ки метавонад дар ҷангаш алайҳи Украина ба кор барад, содир накунад. Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки дар сурати чунин муомилаҳо, монеаҳои амалкунанда тақвият меёбанд. Як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, дар сӯҳбат бо расонаҳои ғарбӣ гуфтааст, ки рӯзҳои 2-3-юми феврал Браян Нелсон, мақоми аршади вазорати молияи Амрико дар умури таҳримҳо аз Туркия дидан кард. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва хусусии Туркия ӯ тақозо кардааст, ки ба Русия маҳсулоте, ки метавонад дар ҷанг зидди Украина истифода шавад, нафиристанд.
Оҷонсии Рейтерс моҳи декабр бо такя ба маълумоти гумруки Русия навишт, ки дар давоми 7 моҳ, то 31-уми октябри соли 2022 ба Русия дар ҳаҷми 2,6 миллиард доллар компютер ва дигар маҳсулоти электронӣ ворид карда шуд. Аз ин миқдор дар ҳаҷми 777 миллион доллар маҳсулот сохтаи ширкатҳои ғарбӣ будааст, ки чипҳои онҳо дар системаи силоҳҳои русӣ ошкор шуд.
Рейтерс таъкид мекунад, ки Туркия – кишвари узви НАТО аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина талош кардааст тавозунро дар равобит бо ин ду кишвар нигоҳ дорад ва дар роҳандозии содироти гандуми украинӣ мусоидат кардааст.