Филмсози эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ бо васиқа ба озодӣ баромад

Ҷаъфар Паноҳӣ ва ҳамсараш дар дохили мошин баъди озод шудан аз зиндони Эвин

Филмбардори зиндонии эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ бо васиқа муваққатан ба озодӣ баромад. Озодии ӯ чанд рӯз баъди эълони гуруснанишинӣ ба нишони эътироз аз “рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ”-и низоми адлия нисбати эътирозгароне, ки баъди марги духтари ҷавон дар идораи полис ба хиёбонҳо рехтаву бо шеваи сангин саркӯб ва ҳам кушта шуданд, имконпазир шуд. Ҳамсараш шоми 3 феврал дар саҳифаи Инстаграми худ навишт, ки бо талошҳои хонаводаву ҳуқуқшиносони боэътибор ва ҳам намояндагони созмонҳои синамоӣ Паноҳӣ аз зиндони Эвини Теҳрон озод шуд.

Паноҳии 62-соларо июли порсол дар паи саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аз шароити пасти зиндагӣ боздошт карданд. Ӯ яке аз 300 филмсозони имзогузори номае ба унвонии ниҳодҳои амниятии кишвар буд, ки ба замин гузоштани силоҳро аз онҳо талаб мекард. Ин талаб баъди он садо дод, ки дар паи сарозер шудани биное дар Ободон ва марги 41 нафар масъулонро дар пораву фасод, дуздӣ ва саркӯб муттаҳам карданд.

Баъди ин эътирозҳо бисёр сокинони Эронро марги Маҳсо Аминии 22-сола хашмгин кард ва давоми моҳҳо занону духтарон рӯсариву ҳиҷобҳои худро бардошта норозияти худро бо низом ба намоиш гузоштанд. Мақомот даст ба саркӯби бераҳмона заданд ва ба ҳисобҳои мухталифи ҳомиёни ҳуқуқ дар Эрон, на камтар аз 500 нафар кушта шудааст.