Аз 1-уми июли имсол Кодекси нави маданӣ (шаҳрвандӣ) дар Тоҷикистон ба иҷро медарояд.
Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 3-юми феврал гуфт, дар таҳияи Кодекси нави шаҳрвандӣ Оҷонси рушди Иёлоти Муттаҳида - USAID низ кор кардааст.
Дар шарҳи Кодекс гуфта мешавад, санад "муносибатҳоро хусусан дар бораи идораи замин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро содда мекунад."
"Дар оянда, Кодекси нави маданӣ (шаҳрвандӣ) инчунин имкон медиҳад, ки тамоми масъалаҳои танзими муносибатхои замин ба Кодекси замин дохил карда шаванд," -- омадааст дар хабарномаи сафорат.
Ба навиштаи манбаъ, USAID ҳукумати Тоҷикистонро дар "пешбурди ислоҳоти фарогир дар соҳаи кишоварзӣ, тавассути баланд бардоштани талабот ва пешниҳоди хадамоти идоракунии замин ва ҷалби субъектҳои бахши давлатию хусусӣ, дар тарҳрезӣ, баррасӣ ва татбиқи сиёсат" дастгирӣ мекунад.