Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳукми Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистонро, ки шикояти бахши қирғизии Радиои Озодӣ зидди як дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро рад карда буд, бетағйир гузошт.
Додгоҳи Якуми май 22 декабри соли 2022 даъвои радиоро барои беасос донистани дархости КДАМ-и Қирғизистон, ки дар асоси он суратҳисобҳои бонкияш баста шудааст, рад карда буд.
Қаблан Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23 январ аз Додгоҳи ноҳияи Ленини Бишкек дархост кард, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.
Ин вазорат рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.
Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.
Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.