Бритониё тасмим дорад, пулҳои Абрамовичро ба Украина диҳад

Роман Абрамович

Ҳукумати Бритониё тасмим дорад, 2,3 миллиард фунт стерлинги сарватманди Русия Роман Абрамовичро ба бунёди кумак ба қурбониёни ҷанг дар Украина диҳад. Ин маблағ аз ҳисоби фурӯши бошгоҳи футболи "Челси"-и Лондон ба даст омадааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳукумати Бритониё тасдиқи Иттиҳоди Аврупоро мунтазир аст. Абрамович зери таҳримҳои Иттиҳод қарор дорад. Қабули қарори ниҳоӣ дар ин маврид, мумкин аст, чанд ҳафта давом кунад.

Расонаҳо менависанд, маблағ ба бунёде дода мешавад, ки бо пешниҳоди худи Абрамович таъсис шудааст.

Бошгоҳи "Челси" дар охири моҳи майи соли 2022 ва ба 4,25 млрд фунт стерлинг фурӯхта шуд.