Вазорати умури дохилии Русия хабар додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта 10 ҳазору 632 қирғизистонӣ шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардааст.
Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамасола 9 ҳазор шаҳрванди ин кишвар соҳиби шиносномаи Русия мешаванд.
Шумори расмии қирғизистониҳое, ки дар 30 соли ахир шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ба беш аз 650 ҳазор мерасад.
Бино ба маълумоти ахир, дар ҳоли ҳозир 1 миллиону 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд ва беш аз 1 миллиони онҳо дар Русия мебошанд.