Ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кард, ки аз якуми феврал дар саросари ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Тақрибан ду ҳафта боз мардум аз камбуди гармиву рӯшноӣ шикоят доранд.
Масъулони "Барқи Тоҷик” рӯзи 31-уми январ дар эъломияе гуфтанд, тасмим ба афзоиши талабот ба барқ ва сарфи зиёди оби обанборҳо рабт дорад. Ба гуфтаи онҳо, "дар моҳи январ ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори нерӯгоҳи “Норак” афзоиш ёфт.”
Дар эъломия вазъи пешомада “ташвишовар” арзёбӣ шудааст. Бино бар он, “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ... дар аввали моҳи март норасоии нерӯи барқ шиддат хоҳад гирифт.”
Иттилое, ки санҷидану тасдиқаш тавассути манобеи мустақил имконпазир нест.
Ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Мақомот ҳамеша онро ба таъмири хатҳои барқу камии об дар рӯдхонаҳо рабт медиҳанд.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, соли гузашта дар кишвар барқи зиёд истеҳсол шуд. Илова бар ин, кишвар барои содироти барқ ба Афғонистон созишномаи нав имзо кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазир аз барқи зиёд гуфт. Чаро "лимит" аз байн нарафт? ВИДЕО