Чӣ гуна "коррупсия дар Тоҷикистон расм шуд"? ВИДЕО

Ба арзёбии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), "коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст."

Масъулони созмон гуфтанд, "мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо фасод ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд" ва "кори додгоҳҳову ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шаффоф нест." Гузориш рӯзи 30-юми январ нашр шуд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накарданд. Оҷонси зиддифасод пештар гуфт, дар нӯҳ моҳи соли 2022 дар идораҳои вобаста ба Вазорати маориф, тандурустӣ, фурудгоҳ ва барқ зиёда аз 76 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард.

“Худкомагӣ тақвият меёбад”

Алтинай Мирзабекова (Олтиной Мирзобекова), мушовири минтақаӣ дар Тransparency International, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шохис ё индекси фасод, ки кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи меъёри 100-холӣ раддабандӣ шудаанд, Тоҷикистон 24 хол дорад.

“Назар ба соле пеш як хол кам аст, аммо баёнгари он аст, ки коррупсия дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Солҳои охир худкомагӣ тақвият меёбад. Мақомот барои муқобила бо коррупсия ислоҳоти зарурӣ намегузаронанд,” – шарҳ дод ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмон мегӯяд, фасод дар Тоҷикистон расм шудааст

Як шарти муҳими дигар, ба бовари Алтинай Мирзабекова (Олтиной Мирзобекова), ҷалби хабарнигорону фаъолон дар ифшои ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз маҳдуд шудани озодии баён аст. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2022 паси дарҳои баста ҳафт хабарнигору блогерро аз 7 то 20 сол зиндонӣ карданд.

Муҳаққиқи созмони Шаффофияти Байнулмилал афзуд, набудани шаффофият дар кори додгоҳҳову ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, набудани таҷрибаи гузоришдиҳии мақомот дар назди ҷомеа ва бархӯрди манфиатҳо дар зинаҳои болоиву миёнаи ҳукумат “нишонаи амиқ будани фасод дар ҷомеа аст”.

"Ҷазои як мансабдор мубориза бо коррупсия нест"

Ҳуқуқшиноси мустақил Бахтиёр Насруллоев бовар дорад, дар муқоиса ба чанд сол пеш барои пешгирӣ аз коррупсия дар Тоҷикистон дар соли 2022 “пешравӣ мушоҳида нашуд”.

Бахтиёр Насруллоев

Ӯ мегӯяд, мубориза бо фасод дар сатҳи нашри китобчаву варақа ё шиорҳо монд: “Агар аҳамият диҳед, аксаран танҳо нисбат ба мансабдорони идораҳои маорифу тандурустӣ ва замин парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Гуё фақат ҳамин мақомот фасодзада бошанд. Масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фасодзада ҳастанд ва на камтар аз идораи замину маорифу тандурустию дигару дигар,” -- гуфт Насруллоев.

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки магар ҳодисаҳое ба мисли ба ҷавобгарӣ кашидани Шавкат Бобозода, вазири пешини саноат ва раиси собиқи Оҷонси содироти Тоҷикистон, нишонаи мубориза бо коррупсия дар сатҳи боло нест?

Ӯ гуфт: “Ба ҷавобгарӣ кашидани як мақомдор ҳанӯз нишонаи мубориза бо коррупсия нест. Ин мубориза бо оқибати коррупсия аст. Сабаби пайдо шудани коррупсия ин деградатсия, яъне аз назорати ҷомеа берун мондани фаъолияти шахсони мансабдор ва ҳуқуқу салоҳияти барзиёд додан ба онҳо аст”.

Як намунааш, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, аз ҷомеа бештар фосила гирифтан ва панҷарапеч кардани биноҳои идораҳои давлатӣ, аз ҷумла ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аст.

“Кумисюн шарт нест, корафтода шавед”

Ёқуб Ҳалимов, хабарнигори таҳқиқгар, мегӯяд, аз номи хонандагон шикояти зиёде дар бораи мавридҳои фасод дар идораҳои гумруку ақди никоҳ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва ғайра мерасад. “Тақрибан ниҳоде нест, ки онҷо фасод реша надавонида бошад,” – мегӯяд ӯ.

Ёқуб Ҳалимов

“Ҷое фасод ба маънои пора амал мекунад, ҷойи дигар ҳамчун шиносбозиву хешутаборбозӣ. Дар таваллудхона, идораи ақди никоҳ, боғчаи кӯдакон, мактаб, БДА ва молиёт фасод ҳаст. Дар ниҳодҳои дигари мулкиву қудратӣ низ. Барои инро исбот кардан шарт нест, кумисюн ташкил дод. Ҳамчун як шаҳрванди қаторӣ корафтода шудан кофист,” – афзуд ӯ.

Созмони Шаффофияти Байнулмилал дар машвараташ ба Тоҷикистон гуфтааст, бояд дар ҳукумат низоми итоат ба қонун ва пешгирӣ аз монополияи қудрат таъмин шавад, то кору салоҳияти сохторҳои сиёсӣ мустақил пеш равад ва тақсими қудрат риоя гардад.

“Шаффофияти буҷети давлативу механизми ифшои бархӯрди манфиатҳо низ бояд таъмин бошад," – хулоса кард Алтинай Мирзабекова (Олтиной Мирзобекова), намояндаи Transparency International.