Ба таҳқиқи худкушии як корманди идораи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сар кардаанд. Асад Мардонови 59-соларо рӯзи 11-уми январ дафн карданд, аммо сабаби худкушияш то ҳол маълум нест.
Як манбаъ дар Додситонии шаҳри Панҷакент рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурони милиса ҳуҷҷатҳоро супурданд, муфаттишони мо худовезии Асад Мардоновро таҳқиқ мекунанд."
"Бо пайвандону ҳамкоронаш суҳбат шуд. Дар ҷайбаш як коғаз будааст. Шояд дар он чизеро ошкор кардааст. Таҳқиқ ба поён расад, натиҷаашро мегӯянд," -- илова кард ҳамсуҳбати мо.
То ҳол мақомот ва пайвандони Асад Мардонов дар мавриди ҳодиса ибрози назар накардаанд.
Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 16-уми январ гуфта буд, ки Мардонов пас аз санҷиш ва бозпурсии маъмурони Идораи мубориза бо фасод "даст ба худкушӣ зад".
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бенатиҷа буд.
Асад Мардонов пештар дар идораи "Агропром"-и шаҳри Панҷакент кор мекард. Ӯ бародари Мухбил Мардонов, муовини пешини раиси шаҳри Панҷакент аст.
Дар гузашта чанд мавриди худкушии кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Аз ҷумла, раиси корхонаи "Замини Ғончӣ"-и ноҳияи Деваштич, Эгамбердӣ Худойбердиев, соли 2013 ва пас аз ошкор шудани мавридҳои фурӯши замин дар ин ноҳия даст ба худкушӣ зада буд.
Гуфтугӯ