Гуруҳе аз духтарони афғонистонӣ барои таҳсил дар донишгоҳ ба Осиёи Марказӣ омаданд. Таҳсили духтаронро Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мекунад.
Баъд аз он ки ҳукумати Толибон таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳои Афғонистон манъ кард, Иттиҳоди Аврупо тарҳеро рӯи даст гирифт, ки ба духтарони афғонистонӣ имкони таҳсилро дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон медиҳад.
Ба иттилои масъулони тарҳ, беш аз 100 духтари афғонистонӣ бо дарёфти бурсияи панҷсола вориди кишварҳои қабулкунанда шуда ва омодаи таҳсил ҳастанд.
Дар марҳилаи аввал ба 50 духтари афғонистонӣ дар Қазоқистону Узбекистон бурсия дода шудааст. Ин духтарон дар соли 2025 таҳсилашонро ба поён мерасонанд.
Дар марҳилаи дувуми тарҳ ба 105 духтари афғонистонӣ бурсия дода шудааст.
Барои таҳсили духтарон Иттиҳоди Аврупо 5,5 миллион доллар ҷудо кардааст.