Муовини вазири молияи Қазоқистон Ержан Биржанов 30-юми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, баъди ба иҷро даромадани қонун "Дар бораи барқарорсозии қобилияти пардохт ва муфлисшавии шаҳрвандон", беш аз як миллион кас метавонад худро дар Қазоқистон муфлис эълом кунад.
“Қонун ҳадди аксар ба 1 миллиону 100 нафар дахл хоҳад кард. Ин ҳадди аксарест, ки метавонад бошад. Аммо масъалаи мазкур ихтиёрӣ аст. Ман боварӣ дорам, бештари шаҳрвандон бо назардошти он ки мақоми "муфлисӣ" ба як тамғаи сиёҳ монанд аст, қарори оқилона қабул мекунанд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Биржанов, мақоми "муфлисӣ"-и қарздорон 7 сол амал мекунад ва онҳо ҳадди ақал танҳо баъд аз панҷ сол метавонанд барои дарёфти қарзи нав дархост гузоранд.
Муовини вазири молияи Қазоқистон изҳор дошт, ки аллакай ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аввали моҳи январ дархост кардаанд, ки онҳо муфлис эълом карда шаванд.
Тибқи қонуни нав, қазоқистониҳое, ки тавони пардохти пули қарзи бонкро надоранд, аз 3 марти имсол метавонанд аз мақомот дархост кунанд, то онҳоро муфлис эълом намоянд.