Марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар аввали моҳи январи имсол ва пас аз боздошташ аз тарафи маъмурони милиса дар шароити мармуз ҷон дод, хашми пайвандон ва мардуми маҳалро барангехт. Изҳороти ВКД дар бораи онки Розиқов аз "истифодаи зиёди амфетамин" даргузашт, дар миёни норозиён, ки хоҳони ба дасти адолат супурдани сабабгорони марги ӯ шуданд, ҷойи по пайдо накард.
Дертар алайҳи яке аз кормандони идораи пулиси шаҳри Кӯлоб Шамшод Шарифов бар асоси моддаи 316, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз шуд. Ба ӯ то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз панҷ то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад.
Илова бар ин, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ду пулиси дигар – Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуданд. Пайвандони Розиқов таъйид карданд, ки онҳоро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ҳузур пазируфт, аммо аз гуфтани ҷузъиёти ин дидор худдорӣ карданд.
На истисно, балки қоида
Ҷон бохтан дар идораҳои пулиси Тоҷикистон дар солҳои охир ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст ва дар кул далели нигаронии мардум намешавад. Пайвандони қурбониён аз шиканҷаи онҳо мегӯянд ва акси онҳоро нашр мекунанд, аммо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ин иттиҳомотро пайваста рад мекунанд. Парвандаҳои ҷиноӣ дар мавриди шиканҷа ё тамоман ва ё ҳам кам боз мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Хешу табор даромаданд, ҷасадро диданду тарсиданд" ВИДЕОШавкат Лутфуллозода, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти “Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовард”, ки моҳи октябри соли 2022 дар Душанбе гузашт, гуфт, дар 4 сол алайҳи 9 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст задан ба шиканҷа парванда боз шуд.
“Соли 2018 дар доираи 1 парванди ҷиноӣ барои шиканҷа 2 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва соли 2019 бар асоси 2 парванда 4 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Соли 2020 аз рӯи ин модда касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, аммо соли 2021 барои шиканҷа 3 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”, - гуфт Лутфуллозода.
Бо ин ҳол, бар асоси омори баёншуда дар ин нишаст дар муддати 2 сол ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби мардум барои шиканҷа ва бадрафторӣ 40 шикоят расид. Тибқи омори додситонӣ, дар 2 сол ҳеч яке аз 20 шикоят барои шиканҷа таъйид нашудааст.
Воқеияти талх
Маълум нест, додситонӣ бо чӣ меъёрҳое дар ҷустуҷӯи таъйиди шиканҷа аст, аммо теъдоди марг пас аз боздошт ва ё дар рафти он пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
Кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Гулбиддин Зиёбеков моҳи ноябри соли 2021 дар пайи амалиёти махсуси кормандони мақомоти қудратӣ боис ба шурӯи эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид ва боис ба бесуботии сиёсӣ-иҷтимоӣ дар минтақа гардид. Мақомот сабабгорони амалиёти махсусро ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ба ҷойи онҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ (Комиссияи 44) барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Норизоиятӣ аз раванди таҳқиқот боис ба такрори эътирозҳои 17-уми майи соли 2022 шуд, ки мақомот дар Рӯшон ва Хоруғ онро бо зӯр саркӯб карданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуданд ва садҳо каси дигар боздошту барои солҳои дароз зиндонӣ шуданд.
Ғайр аз ин, хабарҳое низ аз ҷон додани чандин кас дар рафти бозпурсӣ ва худкушӣ пахш шуданд. Инчунин, дар рафти рӯйдодҳои Рӯшон аз худкушии ду сокини ин ноҳия Хушбахт Хушачинов ва Ризвон Каримов пас аз бозпурсӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузориш шуда буд.
Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2022 аз талоши худкушии сокини шаҳри Хоруғ Адис Тутишоев пас аз бозпурсӣ дар ШВКД-и Бадахшон матлаб нашр кард. Моҳи сентябри соли 2022 пойгоҳи хабарии Pamir Daily News худкушии сокини шаҳри Хоруғ Абдумамад Мародмамадовро нашр кард. Тибқи навиштаи хабаргузорӣ, Абдумамад пас аз фишор аз сӯи мақомот ҳадафмандона даст ба садама задааст. Додситонии ВМКБ он замон ин матлабро рад кард ва гуфт, “ӯ ҳеч гоҳ ба мақомоти тафтишотӣ даъват нашуда буд”.
Моҳи апрели соли 2021 шуъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат ҷасади Меҳроҷиддин Гадозодаро ба дасти наздиконаш супурд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ бо нияти фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои ШКД ба замин партофт, аммо наздиконаш бовар доранд, ӯ дар пайи шиканҷа ҷон дод.
Моҳи марти соли 2018 аз сӯи кормандони ШКД Сино-2 Абдурасул Назаров боздошт шуд. Пас аз як рӯз ҷасади ӯро ба хонаводааш доданд. Моҳи апрели соли 2015 дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонси мубориза бар зидди маводи мухаддир Шамсиддин Зайдуллоев ҷон дод. Ин ниҳод сабаби марги ӯро “норасоии шадиди қалбӣ” унвон кард, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ дар пайи шиканҷа кушта шуд. Дар ин феҳрист метавон чандин номи дигарро зам кард.
Сукут ба ҷойи посух
Тибқи гуфтаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониён дар Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Полша, ташкилоти онҳо даҳҳо далели бадрафторӣ ва шиканҷаро сабт кард, аммо мақомот дар Душанбе ба онҳо посух надоданд.
“Барои мисол, ба мо аз чандин мавриди таҷовуз ба номус пас аз боздошт иттилоъ расид. Албатта, тафтиш кардани ин иттилоъ имконпазир набуд, аммо ин ки афроди мавриди пурсиш пас аз бозпурсӣ даст ба худкушӣ мезананд, далели шиканҷа шудани онҳост”, - мегӯяд Бобоев.
Нигина Баҳриева, вакили мудофеъ дар мусоҳибаи худ бо хабаргузории “Азия-Плюс” дар соли 2021 “мушкилоти системавӣ ва омили инсонӣ”-ро аз далелҳои аслии беҷазо мондани шиканҷагарон номбар карда буд. Ба гуфтаи вай, додситонӣ, ки бояд аз рӯи шикоятҳо дар мавриди шиканҷа тафтишот бибарад, маъмулан чунин парвандаҳоро ба ниҳодҳое месупорад, ки онҷо шиканҷа анҷом мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани “манофеи идорӣ” мегардад.
Чӣ бояд кард?
Фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони тавсияҳои асосӣ барои пешгирии шиканҷа ба зарурати риояи қонун барои боздоштшудагон, таҳияи саривақтии санадҳои онҳо, муоинаи тиббӣ ва ташхиси дақиқи тиббӣ дар сурати шикоят аз саломатӣ ишора мекунанд.
Ба ҷуз ин, гуфта мешавад, иқрори гуноҳ зери шиканҷа набояд далел дониста шавад. Дар айни ҳол, баррасии дақиқи парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муҷозоти шадиди афроди даргир дар шиканҷа муассиртарин роҳи ҳал дониста мешаванд.
Ба гуфтаи як вакили мудофеъ аз Душанбе, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тавсияҳои ташкилоти байнулмилалиро ҷиддӣ намегиранд, чунки онҳо фишанги фишор надоранд. “Масъалаи маблағгузорӣ аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ, СММ ва ниҳодҳои дигари молӣ метавонад, яке аз аҳрумҳои фишор бошад, ки дастрасии афроди шиканҷашуда ва оилаҳои онҳоро ба вакили дифоъ ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ меъёр қарор бидиҳанд. Дар ғайри сурат, ин раванд ба бозии беанҷом монанд аст,” -- хулоса кард ҳамсуҳбати мо, ки нахост номашро нависем.