Як сокини шаҳри Степногорски Қазоқистонро бо гуноҳи ташкили пирамида ё аҳроми молӣ 5 сол зиндонӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 30-юми январ Оҷонси назорати молии Қазоқистон хабар дод.
Ба иттилои тафтишот, ширкати "LV FORCE" 5822 касро ба фаъолияташ ҷалб карда, дар умум, 147 миллион танга зиён овардааст.
Ба иттилои додгоҳи вилояти Акмолаи Қазоқистон, мудири ширкат Лишко Е.Е. моҳи сентябри соли 2022 маҳкум ба зиндон шудааст.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар соли 2021 ҳазорон қазоқистонӣ қурбонии пирамидаҳои молӣ шудаанд.