Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, Анкара метавонад, барои дохил шудани Финландия ба НАТО ризоят диҳад, аммо на барои Шветсия.
Муносибатҳои Туркияву Шветсия ҳафтаҳои охир ба таври ҷиддӣ бад шуд. Анкара Стокҳолмро дар иҷро накардани шартҳои созишномае гунаҳкор мекунад, ки Туркия соли гузашта барои шомил шудани Шветсия ба НАТО гузошта буд. Туркия ҳамчунин баъд аз оташ задани китоби Қуръон дар Шветсия аз ин кишвар интиқод кард.
Финландия ва Шветсия барои шомил шудан ба ҳайати НАТО дар моҳи майи соли 2022 баробар дархост дода буданд. Ин тасмимро онҳо баъд аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина гирифтанд.
"Дар ҳолати зарурат мо ба Финландия посухи дигар ва ба Шветсия посухи дигар хоҳем дод. Вақте мо посух додем, Шветсия дар ҳайрат хоҳад монд," -- гуфт Эрдуғон.
Президенти Туркия афзуд, аз Шветсия хоста буданд, чанд фаъоли курдеро ба Туркия таслим кунад, ки онҳоро дар терроризм муттаҳам медонанд. "Агар мехоҳед, ба НАТО шомил шавед, он террористҳоро ба мо диҳед," -- гуфт Эрдуғон.
Барои дохил шудани Шветсия ва Финландия ба НАТО бояд 30 кишвари узв ройи мусбат диҳанд. Айни замон 28 кишвар розӣ шудаанд. Интизор меравад, Маҷористон (Венгрия) дар фурсатҳои наздик дар робита ба ду кишвари мазкур қарори мусбат қабул кунад.