Узбекистону Қирғизистон ба созиш расиданд, ки убури марзро барои шаҳрвандони ҳамдигар осон гардонанд.
Имзои чунин санаде дар сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Қирғизистон рӯзи 27-уми январ сурат гирифт.
Акнун ҳамаи шаҳрвандони Узбекистон метавонанд, бо шиносномаҳои дохилӣ вориди Қирғизистон шаванд. Шаҳрвандони Қирғизистон низ чунин сабукиро соҳиб шуда, бо шиносномаҳои дохилии худ метавонанд, ба Узбекистон ворид шаванд.
Тартиби нав ҳангоми вуруд аз ҳамаи марзҳои ду кишвар - тариқи ҳавопаймо, қатор (поезд), мошин ва автобус амал мекунад. Ин тартибот баъди тасдиқ аз ҷониби ду кишвар ба иҷро хоҳад даромад. Интизор меравад, тасдиқи он ду моҳро дар бар хоҳад гирифт.
Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, Қирғизистон нахустин кишварест, ки Узбекистон бо он чунин тартиботро ба роҳ мемонад.