Муҳоҷирон ба буҷаи Маскав 32 миллиард рубл додаанд

Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав бо патент кор мекунанд, соли 2022 ба буҷаи ин шаҳр тақрибан 32 миллиард рубл андоз ё молиёт додаанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Мария Багреева, раиси Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав хабар дод. Ба гуфтаи хонум Багреева, ин рақам дар муқоиса бо як сол пеш 45 дарсад бештар аст.

Багреева, инчунин, хабар дод, ки давоми 8 сол дар Маркази бисёрсоҳавии Маскав ба муҳоҷирони корӣ 3,8 миллион патент додаанд.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик пайваста аз гаронии нархи патент шикоят мекунанд. Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки аз ин кишвар ихроҷ мешаванд, ё патент надоранд ё мӯҳлати патенташон гузаштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, супурдани патент як навъ фишор ба муҳоҷирони корӣ аст, чун онҳо чанд баробар бештар аз корашон андоз месупоранд. Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд.