Қонунҳои Толибон Самираро аз роҳ нагардонд. ВИДЕО

Самира Гавҳарӣ, донишҷӯдухтари афғон

Самира Гавҳарӣ то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, дар Донишгоҳи Кобул мехонд. Қонунҳои сахтгиронаи ин гуруҳи тундрав ӯро ҳам мисли аксар дигар духтарони ҳамсолаш аз таҳсил дар донишгоҳ маҳрум кард.

Гавҳарӣ, ки мехост, мудофеи ҳуқуқи занон шавад, гуфт, дар аҳди Толибон занон дар Афғонистон аз ҳеч ҳуқуқе бархӯрдор нестанд. Ҳоло бо вуҷуди манъу маҳдудиятҳо барои таҳсили духтарон, ӯ тасмим гирифтааст, таҳсилашро идома диҳад ва унвони илмӣ бигирад.

Самира Гавҳарӣ 22-сола дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Кобул таҳсил дошт. Дар шабу рӯзе, ки ӯ ва ҳамсабақонаш бояд имтиҳони хатми Донишгоҳро месупориданд, ҳукумати Толибон дастури манъи таҳсил дар донишгоҳҳои Афғонистон содир карданд.

Ин хабар Самираро шок кард: “Ҳатто боварам намеомад. То он даме, ки рӯзи дигар барои супоридани имтиҳон ба донишгоҳ рафтаву дарҳоро ба рӯямон баста дидам, ба ин хабар бовар намекардам" – гуфт, Самира Гавҳарӣ, донишҷӯйи афғонистонӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Самира дар кунҷи хона таҳсилашро идома медиҳад.

Он рӯз Самира ва ҳамсабақонаш барои талошҳои чандсолаи худ ҷиҳати дарёфти маълумоти олӣ, барои нақшаву орзӯҳои акнун зери суолрафтаашон гиря карданд. Ин тасмим ӯ ва духтарони дигарро ноумед кард. “Ман он рӯзро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам. Мо бисёр гиря кардем ва хеле ноумед шудем.”—афзуд, Самира Гавҳарӣ.

Гавҳарӣ риштаи ҳуқуқшиносиро интихоб карда буд ва мехост мудофеи ҳуқуқи занон шавад. Ба гуфтаи ӯ бо омадани Толибон ба қудрат занон дар Афғонистон аз ҳеҷ ҳуқуқе бархӯрдор нестанд. Самира Гавҳарӣ гуфт: "Мутаассифона, ҳуқуқи бунёдии худ - ҳуқуқ ба таҳсил, кор ва озодии шахсро дар Афғонистон аз даст додем."

Чанд рӯз баъд аз манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо, Толибон ба кори занон дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ монеъ шуданд.

Толибон, ки дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон дубора ба даст гирифтанд, бо ҷорӣ кардани қарору қоидаҳои дар кору зиндагии занону духтарон маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ карданд. Ба онҳо таҳсилу кор ва ҳатто берун шудан аз хона бидуни ҳамроҳии марди наздик манъ аст.

Тибқи ин маҳдудиятҳо, Гавҳарӣ бояд дар хона бимонад, аммо ӯ тасмим гирифт, ки ноумед нахоҳад буд ва вақташро кунҷи хона беҳуда талаф накунад. Ӯ ба таҳсили онлайнӣ шурӯъ кард. “Ман курсҳои онлайнеро меомӯзам, ки баъзе аз муассисаҳои маъруф пешниҳод мекунанд. Ғайр аз ин, китобҳоеро мехонам, ки ба онҳо шавқ дорам ва метавонанд, барои расидан ба ҳадафҳоям кумак намоянд."-- гуфт, Самира, донишҷӯйи афғон.

Самира Гавҳарӣ ҳанӯз умед дорад, ки рӯзе риштаи ҳуқуқшиносиро хатм мекунаду метавонад аз ҳуқуқи худ ва занону духтарони дигари афғон ҳимоя хоҳад кард.