Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амина Муҳаммад: Ислом кору таҳсили занонро манъ намекунад


Амина Муҳаммад ҳангоми суҳбат бо як намояндаи Толибон. Афғонистон, 19-уми январи 2023
Амина Муҳаммад ҳангоми суҳбат бо як намояндаи Толибон. Афғонистон, 19-уми январи 2023

Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш мекунад, ки Толибон қарори манъи кор ва таҳсили занону духтаронро дар Афғонистон бекор кунанд.

Дар ин бора Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли СММ, рӯзи 25-уми январ дар Ню-Йорк изҳорот дод. Вай гуфт, “дини Ислом занону духтаронро аз кору таҳсил бознамедорад.”

Изҳороти Амина Муҳаммад пас аз боздидаш аз Афғонистон садо дод. Ӯ ва намояндагони дигари Созмони Милал дар Кобулу Қандаҳор буданд ва бо мардуму кормандони ниҳодҳои имдодӣ, намояндагони мақомот ва шахсиятҳои дигар вохӯрданд.

Амина Муҳаммад дар бахше аз изҳороташ аз Толибон нақл кард, ки барояш гуфтаанд, мехоҳанд, занонро аз фарҳанги ғарбӣ дур нигоҳ бидоранд.

"Онҳо ба тақвияти боварҳояшон идома доданд ва талош карданд, барои ман дарс бидиҳанд, ки меъёрҳои башарӣ чист. Барояшон ёдоварӣ кардам, ки меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ шомили маҳви табъиз мешавад ва коре, ки онҳо мекунанд, табъиз дар баробари ҳар зан ва духтар аст," – афзуд ӯ.

Баъди ба сари қудрат баргаштани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон низоми сахти маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон эҷод шудааст.

Ин гуруҳи тундрав дарвозаи мактабҳоро ба рӯи духтарон баст ва ҳаққи онҳоро барои кор дар ниҳодҳои ғайридавлативу байнулмилалӣ гирифт. Тасмиме, ки вокунишҳои байнулмилалиро ба бор овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG