Бо "хоҳиши худ" ё "зери латукӯб"? Баҳси таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ. ВИДЕО

Аъзои як оила дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ иддао доранд, ки ба номуси духтари ноболиғи онҳо таҷовуз шудааст, вале мақомот ҳодисаро одилона тафтиш намекунанд. Додситон мегӯяд, робитаи ҷинсӣ бо хоҳиши тарафҳо шудааст ва ба ҳамин далел парванда накушод.

Ба нақли пайвандони духтар, ҳодиса моҳи сентябри соли 2022 шудааст. Онҳо дар ин кор як ҷавони 24-сола ва, ба гуфтаашон, "аз хонаводаи сарватманду бонуфуз"-ро муттаҳам мекунанд. Шахсияти ноболиғ ва ҷавон барои Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бо сабабҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ ошкор намешаванд.

Хулосаи санҷиш: "Вайроншуда аст"

"Рӯзи 9-уми сентябри соли гузашта бо ёрии ду рафиқаш маҷбурӣ ба мошин савор карда, ба манзиле бурдаву дастдарозӣ намудааст," – гуфт як намояндаи хонаводаи духтар. Вай афзуд, барои чунин амал борҳо ба мақомоти Додситонии ноҳия шикоят карданд, аммо натиҷа надод.

Хонавода рӯзи 19-уми сентябри соли 2022 духтарро барои санҷиш ба Душанбе овардаанд. Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ дар хулосаи худ пардаи бакорати ноболиғро "вайроншуда" номидааст. Дар нусхаи санад, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, навиштаанд, ҷароҳати ноболиғ "зудгузаранда аст" ва "одатан ҷисми инсонро то як ҳафта ноором мегардонад".

Дар Додситонии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, духтар ба синни 16 расидааст ва санҷиши онҳо нишон дод, ки "алоқаи ҷинсӣ бо хоҳиши тарафҳо анҷом шудааст ва, бино бар ин аз оғози парванда нисбати ҷавон худдорӣ шуд".

Худи духтар мегӯяд, аз рӯзҳои аввали шикояташон ба додситонӣ маълум буд, ки мақомот тарафи ҷавонро мегиранд, "зеро онҳо аз хонаводаи сарватманду бонуфузанд". Яке аз пайвандони ҷавон пойфишорӣ дорад, ки робитаи ҷинсӣ нисбат ба ноболиғ "бо зӯр нашудааст".

"Гуфт ... гиря накун, ғам нахӯр, мебарему медӯзем"

"Аз мӯйи сарам гирифт, кашола кард, сатрамро партофт... Зорӣ кардам, гиря кардам, ки накун. Ба номусам даст зад. Гуфт, ҳеч кас хабардор нашавад, баъд безеб мешавад. Таъкид кард, ки "амакии ман қати президент ҳамсуҳбат аст", нафаҳманд, ки одам монда нобуд мекунем," – нақл кард духтар.

Тасдиқи ин иддао аз манобеи дигар имконпазир нест. Тамосҳои батакрори мо ба ҷавоне, ки хонаводаи ноболиғ нисбаташ шикоят дорад, бенатиҷа анҷомид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Аз мӯйи сарам гирифт, сатрамро канд"

Духтар мегӯяд, аз тарси хонавода ва, ба қавли худаш, таҳдидҳои ҷавон дар аввал ба касе чизе нагуфт. Баъд аз се рӯзи ҳодиса ба яке аз хешонаш нақл кард ва ин гап ба гӯши бибиву волидонаш расид.

Бибии духтар мегӯяд, модари ҷавон, ки ҳамдеҳа ҳастанд, аз онҳо хостааст, масъаларо байни худ ҳал кунанд: "Модараш гуфт, апа, гиря накун, ғам нахӯр, мебарему медӯзем. Гуфтам, яке ҳомила шавад, чӣ хел мекунем? Гуфт, инашро ҳам ҳал карда мешавад, ман розӣ нашудам."

Касе аз наздикони ҷавон ҳозир нашуд, дар рӯ ба рӯи дурбин суҳбат кунад. Танҳо яке аз пайвандонаш дар Душанбе бидуни сабт пойфишорӣ намуд, ки "ҷавон гуноҳ надорад ва алоқаи ҷинсӣ бо хоҳиши тарафҳо анҷом ёфтааст, на бо зӯроварӣ."

Ин манбаъ, инчунин, гуфт, гуё хонаводаи духтар розӣ шудааст, дар ивази товон аз шикоят даст кашад. Тарафи духтар ин иддаоро рад кард.

Додситон: "Муносибати ошиқона доштанд"

Бахтовар Раҷабзода (Баҳриддин), як масъули Додситонии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "духтари ноболиғ ҳамроҳи ҷавон аз қабл муносибати ошиқона доштаанд."

Вай шарҳ дод, ки "алоқаи ҷинсӣ бо хоҳиши тарафҳо сурат гирифтааст, бино бар ин, бар асоси қонунгузории кишвар парвандаи ҷиноӣ боз накарданд." Ин масъули додситонӣ афзуд, ноболиғ на аз сӯи ҷавон, балки "пас аз фош шудани ҳодиса аз тарафи модараш латукӯб шудааст".

Худи ноболиғ ва наздиконаш ин ҳарфҳоро дур аз воқеият донистанд. Онҳо ба мақомоти ҷумҳурӣ нома навиштаанд, то ба қазияи духтарашон расидагӣ шавад.

Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд, вале омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон феълан дастрас нест. Дар гузашта чанд қазияи дастдарозӣ нисбат ба ноболиғон вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот хоста буданд, ҷазоро барои озори ҷинсӣ ва бахусус дастдарозӣ ба ноболиғон сахттар кунанд.