Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини ҷазои сахттар метавонад, аз такрори қазияи Руфайда пешгирӣ кунад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ризоят додаанд, ки дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ дар кишвар сахттар карда шавад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ умед доранд, бо ин роҳ аз такрори таҷовуз ба номуси ноболиғон пешгирӣ мешавад. Бахусус ҳодисаҳое ба монанди қатли Руфайдаи 8-сола, ки вокунишҳои тундеро ба миён овард.

Дар бораи сахттар шудани ҷазо барои озори ҷинсӣ масъулини Вазорати адлия рӯзи 12-уми июл хабар доданд. Шараф Каримзода, муовини вазири адлия ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, пурзӯр шудани муҷозот барои озори ҷинсӣ дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

"Вобаста ба озори ҷинсӣ пурзӯркунии ҷазо ҳаст, ки ҳама вазорату идораҳо дар маҷмуъ дастгирӣ карданд", -- афзуд муовини вазири адлия.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон

Каримзода ва ҳам вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар ин бора шарҳи бештар надоданд. Ашӯриён гуфт, тарҳи ниҳоии Кодекси ҷиноӣ то охири сол ба ҳукумат фиристода мешавад ва пас аз қабули он дар порлумон метавонанд, шарҳи бештар диҳанд.

Масъалаҳои вобаста ба озори ҷинсиро шаш банди Кодекси ҷиноӣ танзим мекунад. Сабуктарин ҷазои пешбиникардаи қонун ҷарима барои "маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" буда, сахттарин муҷозот ҳабси абад барои таҷовуз ба номуси духтарест, ки ба 14-солагӣ нарасидааст.

Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб доранд, ки на танҳо барои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ, балки барои ҳама гуна озори ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон ҷазои сахт таъин шавад. Талабе, ки ҳафтаи гузашта баъд аз қатли як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёдтар шуд.

Руфайда, сокини шаҳраки Навобод рӯзи 4-уми июл аз манзилашон нопадид ва баъди як рӯз ҷасадаш аз дохили ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо шуд. Тахмин карда мешавад, ки наврас мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта, баъдан кушта шудааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли мактубе, ки зераш беш аз 2 ҳазор нафар имзо гузошт, аз Маҷлиси миллӣ талаб карданд, ки ба чунин қазияҳо расидагӣ шавад.

Навор дар ин ҷост:

Ҷазо барои озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон сахттар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Нисо Расулова, яке аз муаллифони мактуб, ба Радиои Озодӣ гуфт, сахттар кардани ҷазо шояд мушкилро пурра ҳал накунад, вале метавонад то ҷое пеши роҳи ин гуна ҳодисаҳоро гирад.

"Кӯдакозорӣ ё педофилия ҳамчун беморӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Вале вақте як нафар ҷазои сахт масалан як умр зиндонӣ мешавад ва ин ҳукм расонаӣ мегардад, намунае барои дигарон мешавад. Вақте каси дигар ба наврасон бо мақсади дастдарозӣ нигоҳ мекунад, пеш аз амал фикр мекунад", -- афзуд Расулова.

Дар посух ба талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ, Маҷлиси миллӣ ҳам аз сахттар шудани ҷазои барои озори ҷинсии ноболиғон хабар дод, вале маълум нест, чӣ ҷазо.

Нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ҷазо барои озори ҷинсӣ бахусус дастдарозӣ ба ноболиғон далелҳое ҳам дорад. Яке аз ин далелҳо, афв шудани як гумонбар ба таҷовузи духтари 12-сола дар шаҳри Ҳисор мебошад, ки озод шуд. Талоши ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ин аст, ки аз такрори чунин ҳолатҳо пешгирӣ кунанд.

Кушта шудани Руфайда масъалаи озори ноболиғонро дубора доғ кард
Кушта шудани Руфайда масъалаи озори ноболиғонро дубора доғ кард

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Вале бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин аст, ки на ҳамаи сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон ба пулис шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG