Маҷлиси шаҳри Тошканд мандати вакилии шаҳрдори собиқи пойтахти ин кишвар Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро пеш аз муҳлат бекор кард.
Хабаргузории "Газета.uz" бо истинод ба вакили маҷлиси Тошканд иттилоъ дод, ки дар ин бора 27-уми январ қарори маҷлис қабул шудааст.
Тибқи қонунгузории Узбекистон, сенат, вакили порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ то поёни муҳлати мандати худ аз дахлнопазирӣ бархурдор ҳастанд.
Маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 16-уми январ хабар дод, ки
Ортиқхоҷаев "барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон" аз мақом барканор ва ба ҷойи ӯ Бахтиёр Раҳмонов, муовини аввали шаҳрдор иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин гардидааст.
Ҳамчунин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, ки кори шаҳрдории Тошкандро санҷад.
Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.