Муовини раиси Суғд: Шашгоникҳо аз бемасъулиятии табибон фавтиданд

Муовини раиси вилояти Суғд гуфтааст, шашгоникҳо дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Хуҷанд "аз бемасъулиятии масъулони ниҳодҳо, аз ҷумла духтурон", фавтидаанд.

Зайнура Азимӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 25-уми январ дар ҳузури намояндагони идораи кор бо занон ва оилаи вилоят баён дошт. Ба навиштаи хабаргузории "Азия Плюс", хонум Азимӣ аз ҳамкории зич надоштани мақомот дар минтақа ибрози ташвиш кардааст.

Рӯзи 11-уми январи имсол дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд шашгоник ба дунё омад, вале ҳамаи онҳо як рӯз умр диданд. Пизишкон сабаби марги пайиҳами ду писар ва чаҳор духтарро ба "таваллуди бармаҳал" пайванд доданд.

Наздикон ба ин чиз бовар надоранд ва бемасъулиятии пизишконро сабаби марги шашгоникҳо медонанд.

Пас аз фавти ин навзодҳо Нурия Дадобоева, мудири Таваллудхонаи вилоятӣ дар Суғд, аз мақом барканор шуд. Манобеи расмӣ қазияи ӯро бознишастагӣ номиданд.