Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 26-уми январ баррасии шикояти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро аз рӯйи қарори Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар дар бораи бастани сомонаи радио оғоз кард.
Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, вакилони мудофеъ аз додрас хостанд, иҷозат диҳад, ки раванди мурофиа сабт ва аксбардорӣ шавад. Ӯ иҷозат додааст, ки танҳо иштирокдорони ҷаласаро ба навор ва акс гиранд.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон нусхаи аслии қарори худро дар бораи бастани сомонаи радио пешниҳод накард ва бинобар ин, баррасии шикоят ба 17-уми феврали имсол ба таъхир гузошта шуд.
Ин вазорат рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.
Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.
Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.