Созмони байнулмилалии “Наҷоти кӯдакон” (Save the Children) аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки шаҳрвандони худро аз урдугоҳҳои ноамни Сурия ба ватанашон баргардонад.
Дар изҳороти созмон аз 25-уми январ омадааст, ки Фаронса ва Ироқ ахиран садҳо шаҳрвандонашонро баргардониданд ва кишварҳои дигар ҳам бояд ин корро кунанд.
Метт Сугру, раиси барномаҳои “Наҷоти кӯдакон” дар Сурия гуфт, тахминан 7 ҳазор кӯдак дар як шароити ноамну сангин ба сар мебаранд.
Ӯ сарнавишти як кӯдаки тоҷикро намуна овардааст, ки ба қавли Метт Сугру дар урдугоҳи Ал-Ҳавл зери чархи як мошини борбар монда сахт маҷрӯҳ шудааст.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ва ё ҳуввияти кӯдак нашр намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми панҷ соли гузашта 235 зан ва кӯдаки тоҷики оилаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз Сурия ба ватан баргардонид, вале ҳамоно даҳҳо нафар, аксар кӯдакон, дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавлу Рожи Сурия мемонанд.
Дар паноҳгоҳҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик сабт шудааст. Занони тоҷик ҳамроҳи шавҳарони худ ба Сурияву Ироқ рафта буданд ва аксарашон куштаву бенишон шуданд.