Узбекистону Қазоқистон зиндониёни худро мубодила мекунанд

Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.

Вакилони палатаи поёнии порлумони Қазоқистон рӯзи 18 январ созишномаи ҳукумати ин кишвар бо Узбекистонро дар бораи табодули зиндониён ба тасвиб расонданд.

Муовини додситони кулли Қазоқистон Асет Чиндалиев зимни суханронӣ дар ҷаласаи порлумон гуфт, дар мавриди имзои ин созишнома чанд сол боз бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯҳо идома доштанд.

Ба гуфтаи Чиндалиев, маҳбусон бо хоҳиши худ ва танҳо дар асоси розигии ниҳодҳои дахлдори кишварҳо ба ватан истирдод мешаванд.

Муовини Додситони кулли Узбекистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 225 узбекистоние, ки бо ҷурмҳои гуногун дар маҳбасҳои Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд, дархост кардаанд, то боқии ҷазои худро дар ватан адо кунанд. Ҳамчунин 20 қазоқистоние, ки дар маҳбасҳои Узбекистон қарор доранд, метавонанд ба ватан истирдод шаванд.