Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо, аз ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо хостааст, муколамаро дар бораи мусодираи 300 миллиард доллар дороиҳои Бонки Миллии Русия идома диҳанд.
Ҳадаф аз ин кор, ба гуфтаи ӯ, истифодаи ин сарват барои бозсозии Украина аст.
Нашрияи бритониёии “Файненшл Таймс” навиштааст, Чарлз Мишел мехоҳад, роҳҳои ҳосил кардани даромадро аз ин дороиҳои Русия ва истифодаи ин даромадҳо барои бозсозии Украина баррасӣ кунанд.
Бисту ҳафт кишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли гузашта, дастрасиро ба 300 миллиард доллар дороиҳои Бонки Марказии Русия ғайримумкин карданд.