Имсол 7 ҳазор нафар аз Тоҷикистон имкони адои маросими Ҳаҷҷи фарзиро хоҳанд дошт.
Ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, созишнома дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ имзо шудааст. Квотае, ки Арабистон дар аҳди пандемияи коронавирус барои Тоҷикистон кам карда буд, дигарбора зиёд шуд.
Пештар тахмин мерафт, ки бо бекор кардани маҳдудиятҳо шояд квота барои Тоҷикистон мисли солҳои пеш аз пандемия бештар шавад. Солҳои пеш Арабистони Саудӣ то 8,5 ҳазор зоирро иҷозаи вуруд ба ин кишвар медод.
Соли гузашта ба 3,5 ҳазор зоири тоҷик иҷозаи сафар дода буданд. Нархи сафар ва дигар хидматрасонӣ 61 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд. Дар Кумитаи дин гуфтанд, хароҷоти имсола, пас аз дастрас шудани рӯйхати хоҳишмандони сафари ҳаҷ маълум хоҳад шуд.
Солона ҳазорон тоҷикистонӣ барои зиёрати, ба гуфтаи мусалмонҳо, "Хонаи Худо" ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.