Аз блогерони тоҷик беш аз 1 миллион сомонӣ молиёт ситондаанд

Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон 60 блогерро расман сабтином кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 35 нафар зиёд будааст.

Ба навиштаи “Садои мардум”, нашрияи расмии порлумони Тоҷикистон, блогерон дар ин муддат аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютюбу Инстаграм 1,3 миллион сомонӣ молиёт ё андоз пардохтанд.

Мақомот онро кам мегӯянд, чун бовар доранд, блогерони тоҷик дар соли гузашта дар умум зиёда аз 29 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд.

Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Баъзе аз блогерон иддао доранд, ки баръакс даромади онҳо коҳиш ёфт.

Кумитаи андоз гуфтааст, то ин муддат ба 80 блогер барои сабтином огоҳӣ дод.

Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 шуруъ шуд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон ба хотири гирифтани даромад афзуд.