Дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) мардеро дафн карданд, ки ба қавли наздиконаш дар Русия зиндонӣ буд, аммо дар ҷанги Украина кушта шуд.
Шамсиддин Қодиров 47-сола будааст. Ӯро рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, гӯронданд.
Пайвандонаш гуфтанд, ду сол пеш ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Раҳмиддин Қодиров, бародари Шамсиддин Қодиров, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар шаҳри Волгогради Русия адои ҷазо мекард ва моҳи майи соли 2022 ба ҷанги Украина бурда шудааст.
Гуфт, намедонад, ин кор маҷбурӣ сурат гирифтааст ё ихтиёрӣ, аммо бародараш умед дошт, зуд озод мешавад.
“Аввал ба писараш гуфтааст, ки ба ҷанг меравад. Мо хабардор шудем. Хоҳиш кардем, ки наравад, гӯш накард. Гуфт, шаш моҳ меҷангад ва агар зинда монад, озод хоҳад шуд. Кушта шуд,” – афзуд ӯ.
Ба қавли бародараш, Шамсиддин Қодиров рӯзи 20-уми ноябри соли 2022 ҳалок шуда, ҷасадашро пас аз ду моҳ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар санадҳо сабаби расмии маргашро “зарба ба пой” номидаанд.
“Тани бародарам дуруст буд, аммо аз зону поёни пойҳояш набуд,” – илова кард Раҳмиддин Қодиров.
Дар ду моҳи охир хабари марги камаш чаҳор шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст.
Ҷасади Булбул Давлатшоеви 47-соларо аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми январ дар зодгоҳаш гӯронданд. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, вале “дар Украина кушта шуд".
Дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шудаанд. Бобоазиз Тӯйдиев 22-сола буд, Манучеҳр Шодов 28 сол дошт.
Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонзад аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.
Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Дар Русия зиндонӣ буд, дар Украина кушта шуд." Дафни ду муҳоҷири тоҷик. ВИДЕО"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?"Боздошту тафтиш мекунанд." Таъсири ҳодисаи Белгород ба муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО