Дар Қазоқистон ҳафт ҳизби сиёсиро ба интихоботи порлумонӣ роҳ доданд

Акс аз бойгонӣ.

Ҳафт ҳизби сабтшудаи Қазоқистонро ба интихоботи порлумонӣ роҳ доданд. Дар ин бора рӯзи 20-уми январ Кумисюни марказии интихоботии он кишвар хабар дод.

Интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 19-уми март баргузор хоҳад шуд. Мақомоти Қазоқистон соли гузашта эълон карда буданд, ки барои сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ сабукиҳо додаанд. Дар ин муддат дар Қазоқистон ду ҳизби ба ҳукумат содиқ - "Байкат" ва "Ҷумҳурӣ" таъсис шуд.

Сабтиноми ҳизбҳо барои иштирок дар интихобот 20-уми январ шуруъ ва то 18-уми феврал идома мекунад.

Ҳеч кадом аз интихоботҳои Қазоқистон аз сӯи нозирони ғарбӣ озод ва одилона баҳо дода нашудаанд.