Ҳалокати 10 нафар дар ҳамла ба як клуби шабона дар Калифорния

Бар асари тирандозӣ дар ҷараёни ҷашни Соли нави чинӣ дар як клуби шабона дар атрофи Лос-Анҷелес дар иёлати Калифорнияи Амрико дастикам 10 нафар ҷон бохта ва ҳамин теъдод низ захмӣ шудаанд.

Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, марди мусаллаҳ ба ин клуби шабона дар 13-километрии Лос-Анҷелес ворид шуда, ба сӯи ҳозирон тир холӣ кард. Тирандозӣ шабона сурат гирифт. Ин фард фирор кардааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ангезаи ҳамла чист. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, вазъи бархе аз захмиён сангин аст.

Ин панҷумин тирандозии маргбор дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ибтидои сол аст. Ҳамла ба ин клуби шабона дар миёни ин ҳамлаҳо аз ҳама бештар талафот доштааст. Дар моҳи майи соли гузашта дар пайи ҳамла ба як мактаб дар Техас 21 нафар ҷон бохта буданд.