Се кӯдаки то 5-сола дар Хатлон дар кӯли яхбаста ҷон додаанд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи як фоҷиа дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон се кӯдак зери оби яхбаста монда ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 22-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ навишт, ки фоҷиа шоми 21-уми январ дар деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод рух додааст. Ба гуфтаи кумита се писар, ду нафарашон 5 ва яке 4-сола ҳангоми яхмолак дар болои обанбори деҳа зери ях фурӯ рафта, аз сармо ҷон додааанд.

Яке аз сокинони деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яхи зери пойи чаҳор кӯдак ба вазнашон тоб наоварда шикастааст ва яке аз ин тифлон зинда мондааст. Худойдоди Бахтиёри 7-сола айни замон дар шифохона будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки сокинони деҳа тани беҷони тифлонро аз об берун карда ва барои ташхис ба мақомоти интизомӣ супурдаанд.

Ду рӯз пештар аз ин фоҷиа дар ноҳияи Ҳисор айни ҳодиса рух додааст. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 19-уми январ ҳангоми гузаштан аз дарёи яхбастаи Хонақоҳ, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷак шаҳри Ҳисор зери ях фурӯ рафтанд. Бародарро сокинон наҷот додаанд, вале ҷасади духтари наврасро дертар пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидони тоҷик хостааст, кӯдакони худро дар ин рӯзҳои сард беназорат нагузоранд.