Идомаи муборизаҳои Украина; иддаои ишғоли деҳае ва баҳси тонкҳо

Ҷаласаи вазирони дифои НАТО ва ҳампаймонҳои дигари Украина

Нерӯҳои Русия иддао доранд, ки як деҳаро дар шарқи Украина ишғол карданд. Украиниҳо мегӯянд, муҳориба ҳанӯз идома дорад. Ғарб ба Украина дар ҷанге, ки наздик ба як сол боз ҷараён дорад, пешниҳоди кумак карда, истодагарии Украинаро ба гунае мавриди санҷиш қарор додааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороти ахираш аз Ғарб ба таври мустақим пурсид, ки оё кишварашро бо тонкҳои пешрафта таъмин мекунад ё на, чун, ба гуфтааш, “қарор бояд қабул шавад”. Як мушовири Зеленский ҳам гуфт, “беҷуръатии ҷаҳонӣ” ҷони украиниҳоро мегирад.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина рӯзи 21-уми январ навишт, дар ин рӯз ба мавқеъҳои нерӯҳои Русия 18 бор зарба зад ва ҷониби Русияро дар он муттаҳам кард, ки 12 маҳалли зистро дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск нишон гирифт. Ба иттилои ситоди кул, аз ҳафт се ҳамлаи мушакӣ ба шаҳрҳои Краматорск ва Ҳуляйполе расид ва дар шаҳри Никопол маҳалҳои зисти мардум ҳадаф гирифта шуд.

Рӯзе аз ин пеш Вазорати дифои Русия иддао кард, ки деҳаи Клешеевкаро дар вилояти Донетск ишғол кард. Ин деҳа дар 5-километрии шаҳри Бахмут ҷойгир аст. Раҳбари гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин инро комёбии созмонаш номид, вале Вазорати дифои Русия гуфт, "кори дасти артиш буд". Ситоди кулли нерӯҳои Украина дар изҳороташ рӯзи 21-уми январ танҳо гуфт, деҳаи Клешеевка мавриди оташборон қарор гирифт, дигаре чизе нанавишт.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters бо такя ба як мақоми баландпояи Амрико рӯзи 20-уми январ навишт, мақомоти амрикоӣ ба Киев машварат додаанд, то замоне ки нерӯҳои украинӣ аз тамрини истифодаи силоҳҳои замонавӣ нагузаранд, беҳтар аст, аз ҳуҷуми васеъмиқёс ба мавқеъҳои артиши Русия худдорӣ кунанд.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Бритониё дар бораи шурӯи давраи омӯзишии нерӯҳои украинӣ барои истифодаи тонкҳои ҷангии Challenger 2 хабар дод. Ҳампаймонҳои дигари ин кишвар дар НАТО ҳамоно сари қарори ба Украина фиристодани тонкҳои замонавии пешрафта баҳс мекунанд.

Мақоми амрикоие, ки Reuters ба он такя мекунад, гуфтааст, Вашингтон ҳанӯз омода нест, ба Украина тонкҳои пешрафтаи Abrams-ро пешкаш кунад.

Ин мавзӯъ 20-уми январ дар ҷаласаи ҳампаймонҳои ғарбии Киев дар пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Олмон баҳс шуд. Вазири дифои 54 кишвар дар ин ҷаласа дар бораи ироаи ёриҳои низомии ҳамоҳангшуда суҳбат карданд.

Бино ба хабарҳо, Олмон ба фишорҳои Лаҳистон (Полша) дар заминаи зарурати таъмини Киев бо тонкҳои сохти олмонии Leopard 2 феълан розӣ нест. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, кумакҳои ирсолшуда барои дифоъ аз худ дар марҳилаи кунунӣ кофист. Дар миёни ин силоҳҳо системаҳои дифои ҳавоӣ ва мушаки HIMARS аст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар муроҷиати шабонгоҳиаш 20-уми январ изҳори умед кард, ки ҷаласаи пойгоҳи Рамштейн барои тақвияти тавонмандиҳои низомии Украина мусоидат мекунад.

Зеленский гуфт, “мо ҳанӯз барои дастрасӣ ба тонкҳои замонавӣ бояд мубориза барем”, вале, ба гуфтааш, “ҳар рӯз далели он аст, ки интихоби дигар вуҷуд надорад ва қарор бояд ҳарчи зудтар қабул шавад”.

Михайло Подоляк, мушовири аршади Зеленский, рӯзи 21-уми январ дар Твиттер навишт, “шумо дар ниҳоят бо силоҳҳои зарурӣ ба Украина ёрӣ мекунед ва ҳеч интихоби дигаре ба ҷуз шикаст додани Русия вуҷуд надорад”. Ӯ афзуд: "Вале беҷуръатии имрӯза ҷони бештари мардумро қурбон мекунад. Таъхири ҳаррӯза боис ба марги украиниҳо мешавад. Зудтар фикр кунед."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эрдуғон дар суҳбат бо Зеленский хоҳони миёнравӣ бо Русия шудТаҳримҳои иловагии Амрико ба зидди "Вагнер"Иёлоти Муттаҳида ба Украина машварат додааст, ки...Тоҷикони табааи Русия ба ҷанг раванд ё нараванд?