Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои иловагии Амрико ба зидди "Вагнер"


Евгений Пригожин, ки ӯро муассиси "Вагнер" меноманд
Евгений Пригожин, ки ӯро муассиси "Вагнер" меноманд

Вазорати молияи Амрико нисбат ба ширкати хусусии низомии "Вагнер" дар Русия таҳримҳои бештар ҷорӣ кард. Ин ширкат барои пеш бурдани ҷанг алайҳи Украина мадад мекунад.

Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, дар нишасти хабарии 20-уми январ гуфт, дар рӯзҳои наздик ба гурӯҳи "Вагнер" унвони "созмони ҷиноии фаромиллӣ" ҳам дода хоҳад шуд.

Вай афзуд: "Ба ҳисоби мо, Вагнер тахминан 50 ҳазор нафар, аз ҷумла 10 ҳазорро шартномавӣ ва 40 ҳазор нафарро зиндонҳо дар Украина ҷой додааст. "

Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, ба иттилои онҳо, Кореяи Шимолӣ гурӯҳи "Вагнер"-ро бо силоҳ таъмин мекунад. Ӯ афзуд, ҳарчанд силоҳҳо вазъи ҷангро чандон тағйир надоданд, Амрико амали Кореяи Шимолиро маҳкум кард ва аз Пхенян хост, ба "Вагнер" силоҳ надиҳад.

Кирби гуфт, таҳримҳои иловагии ҷоришуда нисбат ба "Вагнер" имкониятҳои фаъолияти ин гурӯҳро бо шарикони байнулмилалиаш маҳдуд хоҳад кард.

Гурӯҳи "Вагнер"-ро, ки ба Евгений Пригожин, соҳибкор ва як дӯсти наздики президенти Русия Владимир Путин, вобаста медонанд, дар ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина на танҳо аз низомиёни кироя, балки инчунин аз нерӯи зиндониҳо истифода мекунад.

Наздикони чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ходимони "Вагнер" бо ваъдаи сабукӣ ва ҳатто афв онҳоро ба ҷанг мебаранд. Ҳолатҳои маҷбуран ба ҷанг бурдани зиндониҳо, аз ҷумла тоҷикистониҳо, вуҷуд дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG